Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп: “Мулоқоти Путин бо Зеленскийро ташкил мекунам”
Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди суҳбати маҷозӣ бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Владимир Зеленский гуфт, ки мулоқоти рӯ ба рӯи президентҳои Федератсияи Русия ва Украина танҳо дар сурате доир мешавад, ки музокироти ӯ бо Владимир Путин дар рӯзи ҷумъа дар Аляска натиҷаҳои мусбат дошта бошад.
Тибқи гузориши расонаҳо, Доналд Трамп рӯзи чоршанбе баъди нишасти маҷозӣ бо сарони кишварҳои аврупоӣ ва Владимир Зеленский ишора кард, ки гуфтугӯ “хуб ва дӯстона” гузашт.
“Ман барои мулоқот бо Путин ба Аляска меравам. Баъдан бо Зеленский ва роҳбарони аврупоӣ тамос хоҳам гирифт. Агар дидори аввал бо Путин хуб пеш равад, ман мулоқоти мустақим миёни Путин ва Зеленскийро ташкил мекунам”- гуфт Доналд Тамп.
Президенти Амрико ҳушдор дод, ки агар мулоқот бо Путин хуб пеш наравад, Маскав бо “паёмадҳои хеле ҷиддӣ” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Мулоқоти аввалини Путин бо Трамп рӯзи ҷумъа дар шаҳри Аляскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор хоҳад шуд. Роҳбарони ду кишвар дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ ва ҷанги Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка