25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
14.08.2025 08:35

Ҷанозаи афроде, ки худкушӣ мекунанд, дар Афғонистон манъ шуд

Гурӯҳи террористии Толибон дар як қарори нав маросими баргузории ҷаноза ва фотеҳаи шахсонеро, ки худкушӣ мекунанд, манъ кардаанд.

Ин қарор дар пайи афзоиши падидаи худкушӣ дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон гирифта шудааст.

Раиси вилояти Ғазнӣ баъди худкушии чанд нафар дар ин вилоят, ба аъзои оилаи онҳо дастур дод, ки маросими ҷаноза ва фотеҳа баргузор накунанд. Раиси вилоят аз мардум хост, ки аз анҷом додан ва ширкат дар чунин маросимҳо худдорӣ кунанд.

Мақомоти гурӯҳи Толибон гуфтаанд, ки ин тасмим дар пайи нигарониҳо аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ дар баъзе аз вилоятҳои шарқии Афғонистон, бахусус вилояти Хуст, гирифта шудааст.

Раиси ин вилоят дар нишасте, ки намояндагони ниҳоди “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар”-и Толибон  ва мақомоти маҳаллӣ ширкат доштанд, ин тасмимро эълон кард. Мардуми маҳаллӣ сабаби асосии афзоиши худкуширо дар густариши фақри иқтисодӣ, хушунати оилавӣ ва фишорҳои равонӣ мебинанд.

Рӯзи сешанбе як зану шавҳар дар вилояти Хуст даст ба худкушӣ заданд, ки бар асоси иттилои расонаҳо ин сеюмин ҳолат дар ду рӯзи ахир дар ин вилоят мебошад. Баъди рӯй додани пай дар пайи ҳодисаи худкушӣ дар ин вилоят қарори манъ кардани ҷаноза ва фотеҳа содир шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.