Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Эрон шароитро барои роҳандозии хатти роҳи оҳан бо Тоҷикистон омода мекунад
Мақомоти Эрон шароитро барои оғози фаъолияти хатти роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Марв ва Душанбе омода мекунад. Дар ин бора Ҷаббор Алӣ Зокирӣ, директори генералии ширкати миллии Роҳи оҳани Эрон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, хатсайрҳои нав қисме аз стратегияи Эрон барои навсозии зерсохтори нақлиётӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд. Ҳанӯз муҳлати дақиқи оғози хатти роҳи оҳан бо Тоҷикистон мушаххас нашудааст.
Илова ба ин, Зокирӣ эълон кард, ки ба зудӣ ду хатсайри байналмилалӣ ба кор оғоз хоҳанд кард, ки Эронро бо Туркия, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад. Хатсайри аввал Теҳронро бо Анқара мепайвандад ва дар давоми ду моҳи оянда ба кор медарояд. Хатсайри дуюм Теҳрон-Ҳирот то охири моҳи оянда фаъол хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид