Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Австралия кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад
Энтони Албаниз, Сарвазири Австралия гуфт, ки кишвараш дар 80-умин Маҷлиси умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт.
Ин тасмим барои ҳалли масъалаи Фаластин, бахусус ҳимоят аз роҳи ҳалли дукишварӣ, қатъи ҷанг дар Ғазза ва озод намудани гаравгонҳо гирифта мешавад.
Фаронса, Британияи Кабир ва Канада аз ҷумлаи кишварҳои аврупоие мебошанд, ки на фақат аз ин тасмим ҳимоят мекунанд, балки гуфтаанд, кишвари Фаластинро ба расмият хоҳанд шинохт.
Сарвазири Австралия дар маҷлиси ҳукумат гуфт, гирифтани ин тасмим ба уҳдадориҳои мақомоти Ташкилоти худгардони Фаластин, аз ҷумла ба расмият шинохтани кишвари Исроил ва Фаластин, безарар гардондани Ҳамос дар Ғазза ва доир кардани интихобот вобастагӣ хоҳад дошт.
Ӯ зикр кард, ки роҳи ҳалли дукишварӣ “беҳтарин умеди башарият барои поён додан ба хушунат дар Ховари Миёна” аст.
Сарвазири Австралия афзуд, ин тасмим бо далели бетаваҷҷуҳии Бенямин Нетанҳяу ба қонунҳои байналмилалӣ ва густариши шаҳраксозиҳо дар Навори Ғазза гирифта мешавад. Ӯ гуфт, ки ин иқдом метавонад сабаби танҳотар шудани гурӯҳи Ҳамос шавад, ки дар Австралия террористӣ ҳисобида шудааст.
Мақомоти Ташкилоти худгардони Фаластин ин иқдомро “қадами мусбат” арзёбӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Бенямин Нетаняҳу ин тасмимро “шармовар” хонд.
Зеландияи нав низ эълон кард, ки мавқеи худро то моҳи сентябр бозбинӣ мекунад.
То ба имрӯз 147 узви Созмони Милали Муттаҳид кишвари Фаластинро ба расмият шинохтаанд ва ин тасмимҳои нави кишварҳои аврупоӣ фишор ба Исроилро афзоиш хоҳад дод.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка