Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
“Сангандоз”-и кишварҳои аврупоӣ ба нишасти Путин ва Трамп. Сулҳ бидуни Украина номумкин аст
Роҳбарони ҳашт кишвари шимоли Аврупо ва Балтика гуфтанд, ки гуфтушунидҳо барои ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина фақат бо ширкати пурраи Киев ва пас аз барқарор шудани оташбас имконпазир аст. Дар ин бора дар изҳороти муштараки Иттиҳоди Nordic-Baltic 8 (NB8), ки 10-уми август нашр шуд, таъкид шудааст.
Дар санаде, ки бо имзои роҳбарони Дания, Эстония, Финландия, Исландия, Латвия, Норвегия ва Шветсария тасдиқ шудааст, таъкид мегардад, ки қатъи ҳамлаҳои Русия фақат бо шарти фишори идомадор ба Маскав, идомаи ҳимоят аз Украина ва гузаронидани “дипломатияи қатъӣ” имконпазир аст.
“Халқи Украина бояд озод бошад, ки ояндаи худро муайян кунад. Роҳи сулҳ бе садои Украина намегузарад. Ҳич қарор дар бораи Украина бе Украина ва ҳич қарор дар бораи Аврупо бе Аврупо қабул намешавад”- таъкид мешавад дар изҳорот.
Роҳбарони кишварҳои NB8 омодагии худро барои мусоидат ба ҷустуҷӯи “сулҳи одилона ва устувор, ки бар асоси принсипҳои Созишномаи Милали Муттаҳид, Созишномаи Ҳелсинки ва ҳуқуқи байналмилалӣ бошад”, тасдиқ кардаанд.
Дар пасманзари омодагӣ ба мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар Аляска Иттиҳоди Аврупо низ мавқеи мушобеҳро изҳор кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка