Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт
Аз амнияти минтақа то масъалаи муҳоҷират. Сарони Тоҷикистону Русия мулоқот намуданд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Тоҷикистон ва Покистон машқҳои шашрӯзаи низомӣ баргузор карданд
Машқҳои низомии артиши Покистон ва Тоҷикистон бо номи “Дустӣ 2” дар пойгоҳи Фахрободи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин машқҳои низомӣ, ки тӯли шаш рӯз идома дошт, шаш дастаи низомӣ аз ду гурӯҳ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои расонаҳо, машқҳои низомӣ бар асоси нақшаи пешбинишуда бо муваффақият иҷро гардид. Артиши Покистон хабар дод, ки ҳамаи ҳадафҳои таълимӣ ва дипломатии он “бомуваффақият” амалӣ гардида, неруҳои ширкаткунанда, баландтарин меъёрҳои касбиро нишон доданд.
Тибқи изҳороти махсуси зиддитеррористии Покистон ҳадафи асосии ин машқ тақвияти робитаҳои теърихии низомӣ, такмили усул ва техникаи амалиётҳои зиддитеррористӣ ва боло бурдани ҳамоҳангӣ миёни неруҳои махсуси ду кишвар мебошад.
Дар солҳои ахир ҳамкориҳои амниятии Исломобод ва Душанбе густариш ёфта, мақомоти олии сиёсӣ ва низомии ду кишвар борҳо ба пойтахтҳои якдигар сафар кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад
Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”
Русия: 275 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар як шаб сарнагун кардем