25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
11.08.2025 16:42

Гузориши нави СММ: Саркӯби густурдаи занон ва идомаи додгоҳҳои саҳроӣ дар Афғонистон

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (ЮНАМО) дар гузориши нави худ аз афзоиши саркӯб ва нақзи густурдаи ҳуқуқи башар аз ҷониби ҳукумати Толибон дар се моҳи ахир хабар медиҳад.

Ин гузориш, ки аз моҳи апрел то июни соли 2025-ро фаро мегирад, ҳодисаҳои боздоштҳои худсарона, саркӯби занон, маҳдудияти шадид ба расонаҳо, қатлҳои саҳроӣ ва таҳдид ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро санадсозӣ кардааст.

ЮНАМО таъкид кардааст,  ҳатто заноне, ки бо либоси мавриди тасдиқи Толибон гаштугузор мекарданд, боздошт шудаанд. Дар вилоятҳои мухталиф, аз ҷумла Ҳирот вуруд ба бозор ва истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ барои заноне, ки “бурқаъ” напӯшанд, мамнуъ шудааст.

Дар Қандаҳор кормандони зан фақат бо доштани “корти шиносномаи маҳрам” ҳаққи кор карданро доранд, ки гирифтани он раванди тӯлонӣ ва вобаста ба тасдиқи шахсони маҳаллӣ мебошад.

Ин гузориш ҳамчунин, аз баста шудани ороишгоҳҳои занона ва таҳдидҳои маргбор бар зидди кормандони зан дар ниҳодҳои байналмилалӣ хабар медиҳад. ЮНАМО гуфт, баъзе аз кормандони зан ба далели ин таҳдидҳо маҷбур ба риояи чораҳои амниятӣ шудаанд.

Дар бахши ҳуқуқи занон Созмон аз мавридҳои никоҳи иҷборӣ, шиканҷа ва ҳабсҳои худсарона ном бурдааст. Ба гуфтаи ЮНАМО Толибон дар се моҳи ахир се қатли саҳроӣ дар вилоятҳои Бодғис, Нимрӯз ва Фароҳ анҷом додаанд ва бештар аз 230 нафар, аз ҷумла 48 зан дар мазҳари умум шалоқ зада шудаанд.

ЮНАМО ҳамчунин, аз боздошти дастаҷамъии 87 нафар ӯзбектабор дар Форёб ва куштори эътирозгарон дар Бадахшон дар пайи нооромиҳои вобаста ба маҳви киштзорҳои кӯкнор хабар додаанд.

Маҳдудиятҳои нави Толибон ба расонаҳо аз манъи пахши барномаҳои сиёсӣ то сензураи шадиди мундариҷа боиси баста шудани чандин воситаи ахбори хусусӣ шудааст. Созмон мегӯяд, истифодаи минаҳои боқимонда ва маводи таркандаи ҷангӣ дар ин давра ҳаёти 70 ғайринизомӣ, асосан кӯдаконро гирифтааст.

ЮНАМО дар фарҷоми гузориши худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки нисбат ба нақши фарогири ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон дар Афғонистон бетафовут набошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.