Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Рамазон Раҳимзода: Ҷиноят аз ҷониби ноболиғон зиёд шудааст
“Дар шаш моҳаи аввали соли 2025 дар кишвар 333 ҳолати ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва 1574 ҳолат аз ҷониби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст, ки аз ҷониби ҷомеа тарбияи насли наврасро тақозо мекунад”, гуфт Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии нимсолаи ин ниҳод.
Дар идома мавзӯъ қайд кард, ки дар давраи ҳисоботи 214 ҳолати монеъ шудан барои гирифтани таълимоти ҳатмӣ ба қайд гирифта шуда, оид ба ин масъала корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар Тоҷикистон гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ барои хонандагон ҳатмӣ буда, монеъ шудан ба он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки толибилмоне, ки синфи 9ро хатм кардаанд, мехоҳанд ба коллеҷ ё омӯзишгоҳҳо барои касбомӯзӣ дохил шаванд, дар ин ҳолат ба онҳо имконият дода мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд