19 Сентябр 2026,
шанбе, 05:14, Душанбе
08.08.2025 10:13

Трамп мехоҳад кишварҳои Осиёи Марказиро ба “Сулҳи иброҳимӣ” ҳамроҳ кунад

Пас аз ақибнишинии Арабистони Саудӣ ва чандин кишварҳои арабӣ аз “Созишномаи иброҳимӣ” ҳукумати Доналд Трамп талошҳоеро барои ҷалби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин созишнома оғоз намудааст.

Ҳукумати Доналд Трамп мехоҳад дубора сенарияи “Созишномаи иброҳимӣ”-ро ба майдон оварда, бо ҳамроҳ кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он, доираи имзокунандагони онро васеъ кунад.

Рӯзномаҳои исроилӣ хабар доданд, ки Ҳукумати Амрико ҷиддан ва пайгирона имкони ҷалби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин лоиҳаи геополитикиро баррасӣ мекунад ва мехоҳад “робитаҳои Исроил” бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амиқтар шавад.

Дар нигоҳи аввал ин фурсат ва имконоти ҷолиб аст, зеро тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамкориҳои низомӣ, дастрасӣ ба технологияҳои исроилӣ барои манфиатҳои стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ боаҳамият менамояд. Вале дар пушти ин бозӣ “доми рамзӣ”-и Вашингтон ва Тел-Авив нуҳуфтааст, ки бо ин роҳ мехоҳанд ин кишварҳо бо канор гузоштани принсипҳои худ таслим шаванд.

Ин созишнома фақат як паймони дипломатӣ нест. Ин абзоре барои муҳосираи Фаластин, ба расмият шинохтани ишғолгарии Исроил ва сохтани иттиҳоди кишварҳоест, ки розӣ мешаванд, дар баробари ҷиноятҳои Исроил сукут ихтиёр кунанд. Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Марокаш, Судон, аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки ба ивази ба даст овардани имтиёзҳои сиёсиву иқтисодӣ созишномаро ба имзо расониданд. Ҳоло ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷустуҷӯи аъзои нав барои Созишномаи иброҳимӣ аст ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи асосии ҳукумати Доналд Трамп мебошанд.

Чаро  ин лоиҳа хатарнок аст?

Аввалан, Исроил фақат “шарик” нест. Ин кишвари саҳюнистӣ аст, ки бар асосии поксозии қавмӣ, ишғол ва табъизи системавӣ бунёд шудааст. Наздик шудан ба он фақат як иқдоми дипломатӣ нест. Ин як интихоби ахлоқӣ мебошад. Барои кишварҳое бо аксарияти мусалмон, ки фоҷеаи Ғазза як ормони имониву эътиқодист, чунин интихоб метавонад боиси норизоятии дохилӣ шавад.

Дар айни ҳол, қариб аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таъсиси кишвари Фаластин ва ба расмият шинохтани он таъкид мекунанд. Онҳо роҳи ҳалли мушкилоти Исроил ва Фаластинро дар ташкил шудани ду кишвар мебинанд. Сафорати Фаластин дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъол аст ва ин баёнгари он аст, ки дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ Фаластин аҳамияти вижа дорад.

Сониян, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “пешниҳоди имкониятҳо”-ро ваъда медиҳад, вале дар иваз вафодорӣ мехоҳад. Имзои “Созишномаи иброҳимӣ” на фақат як созишномаи иқтисодӣ аст, балки қасами сиёсӣ ба манфиати геополитикии Амрико. Яъне, пуштибонӣ аз Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ, чашмпӯшӣ аз ҷиноятҳои Исроил бар зидди фаластиниён, боз намудани роҳ барои ҳузури сохторҳои низомӣ ва ҷосусӣ дар ин кишварҳо ва ҳамаи ин бо баҳона ва ваъдаи “амният” ва “пешрафт”.

Савум, нуфузи Исроил ин фақат иқтисоду технологист. Он, балки ғояи идеологии сеонистист, расонаҳоро назорат мекунад, ба низоми таълим ва ҳатто ба муассисаҳои динӣ роҳ меёбад. Ин чизҳо дар кишварҳои дигар низ дида шудаанд. Имрӯз “лоиҳаҳои муштарак” ва фардо ҷорӣ шудани маҳдудият дар озодии сухан ва интиқод аз Исроил.

Осиёи Марказӣ: хомӯшӣ ва садоҳои паст ба гӯш мерасад

То ба имрӯз фақат Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон изҳор дошт, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин замина пешниҳод нагирифтааст. Дигар кишварҳо хомӯш мебошанд. Вале ин хомӯшӣ маънои рад карданро надорад. Ин интизор мондан аст. Ва ин хомӯшӣ метавонад хатарофарин бошад.

Таърих нишон медиҳад: вақте неруҳои хориҷӣ ба “ёрии хайр” меоянд, онҳоро фақат манфиатҳои худ роҳбарӣ мекунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Осиёи Марказии қавӣ ва мустақил манфиатдор нест. Он ба шарикони вобаста ниёз дорад, ки дар бозии геополитикии он бар зидди Русия, Чин ва ҷаҳони Ислом нақш иҷро кунанд.

Хулоса: ҳувияти худро ҳифз кунед

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд бо эҳтиёт амал кунанд. Технология набояд бо баҳои ахлоқ харида шавад. Пешрафт набояд бо хиёнат ба бародарон дар имкон ва сарнавишт амалӣ гардад.

Ҳимоят аз Фаластин сиёсати рӯз нест. Ин қарзи инсонӣ аст. Ва имзои созиш бо режими сеонистӣ, на қадаме ба пеш, балки қадаме ба сӯйи вобастагӣ ба Амрико аст. Оё Русия инро қабул хоҳад кард?

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.