Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Панҷ вазорати Толибон нашри акс ва наворҳои кормандони худро манъ карданд
Панҷ вазорати Афғонистон, ки ба гурӯҳи террористии Толибон мансуб мебошанд, нашри акс ва тасвири кормандони худ дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро қатъ намудаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, ин иқдом бо ҳадафи амалӣ намудани қонуни амр ба маъруфи Толибон, ки намоиши акси мавҷудоти зиндаро манъ мекунад, сурат мегирад.
Таҳқиқи рӯзноманигорони расонаҳо нишон додааст, ки як қатор муассисаҳои давлатии Афғонистон ба таври ҷиддӣ ин қонунро риоя мекунанд. Ба ҷои акси мансабдорон, дар сомонаҳои расмии онҳо тасвирҳои курсиҳои холӣ, толорҳои ҷаласа ва парчамҳо ҷой дода мешаванд.
Вазоратҳое, ки аксу тасвири кормандони худро манъ кардаанд, инҳо мебошанд; Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункар, Вазорати адлия, Вазорати таҳсилоти олӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди шаҳрӣ ва сохтмони манзил.
Бо вуҷуди ин, тавре манбаъ менависад, 18 ниҳоди дигари давлатӣ, аз ҷумла Вазорати дифоъ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоно ба нашри акс ва наворҳои фаъолияти худ идома медиҳанд.
Баъзе аз мақомот, ба мисли Вазорати маориф зери роҳбарии Ҳабибулло Оғо сиёсати мутаносиб ва миёнаравро пеш гирифтаанд. Дар саҳифаҳои расмии ин вазорат аксҳои одамон нестанд, вале дар шабакаҳои иҷтимоии намояндаи Вазорат – Мансур Аҳмад Ҳамза, метавон аксу тасвирҳои чорабиниҳои расмӣ бо ширкати мансабдоронро дарёфт кард.
Бояд зикр кард, ки худи Ҳабибулло Оғо аз соли 2023 ба рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ворид шуд. Сабаби асосии таҳрим шудани ӯ вайрон намудани ҳуқуқи занону духтарон мебошад.
Телевизиони Омӯ дар як гузориш таъкид кардааст, ки роҳбарони гурӯҳи террористии “Толибон” дар масъалаи нашри аксу тасвирҳо ҳамназар нестанд. Масалан, муовини сарвазир Абдуғанӣ Бародар ва Абдуссалом Ҳанафӣ иҷозаи нашри акс ва тасвири худро додаанд. Ҳамчунин, сарвазир Муҳаммад Ҳасан Охунд нашри аксу наворҳои худро фақат дар расонаҳои далватӣ ва асосан дар вақти мулоқот бо мақомоти баландпояи хориҷӣ иҷоза додааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Суди Олии Афғонистон Абдул Ҳаким Ҳаққонӣ, ба таври қатъӣ аз нашри аксу наворҳои худ худдорӣ мекунад ва меъёрҳои нави ҷорӣ кардаи роҳбари Толибонро риоя менамояд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки миёни Толибон дар масъалаи риоя кардани қонуни манъи нашри аксу наворҳо иттифоқи назар вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки нашри аксҳо ба манфиати онҳо аст ва онҳо метавонанд ин мамнуиятро нодида гиранд.
Соли гузашта гурӯҳи террористии Толибон сабт ва нашри мавҷудоти зиндаро манъ карда буданд. Ин маҳдудият дар як қатор вилоятҳо, аз ҷумла Қандаҳор, Вардак, Бодғис ва Нангарҳор мавриди иҷро қарор гирифт.
Гузашта аз ин, дар бархе минтақаҳо мақомот назорати шадид барои иҷрои қонунҳои ахлоқро оғоз намуданд. Бар асоси иттилои сарчашмаҳои расмӣ, дар муносибат бо фармони манъи аксу навор сиёсати дугона ба назар мерасад. Масалан, муовини роҳбари вилояти Ҳирот озодона мусоҳибаҳои видеоӣ медод ва навори ӯ дар телевизион намоиш дода мешуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”