Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Қосим-Жомарт Токаев: “Сулҳу амният дар Афғонистон барои амнияти минтақа хеле муҳим аст”
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттериш ба Қазоқистон сафар намуда, бо президенти ин кишвар Қосим-Жомарт Токаев мулоқот кард.
Дар мулоқот бо Антонио Гуттериш Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, ки “таъмини сулҳи дарозмуддат ва рушди устувор дар Афғонистон барои амнияти минтақа хеле муҳим аст” ва афзуд, ки Қазоқистон уҳдадориҳои худ дар робита ба ҳимоят аз Афғонистонро амалӣ хоҳад кард.
Тибқи гузориши расонаҳои қазоқӣ Қосим-Жомарт Токаев ва Антонио Гутерриш дар маросими имзои созишномаи байни ҳукумати Қазоқистон ва Созмони Милал дар хусуси таъсиси маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар шаҳри Алмаато ширкат намуданд.
Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки ифтитоҳи марказ дар Алмаато нишондиҳандаи аҳамияти рӯзафзуни стратегияи минтақа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин созишнома расман таъсиси маркази минтақавиро барои пешбурди ҳадафҳои рушди устувор ба расмият мешиносад ва марҳилаи муҳим дар ҳамкориҳои дарозмуддат ва пурсамари миёни Қазоқистон ва Созмони Милали Муттаҳид аст.
Президенти Қазоқистон афзуд, ки дар баробари чолишҳои фазояндаи геополитикӣ, низоъҳо, тағйири иқлим ва таҳдидҳои амнияти ғизоӣ Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дар таъмини ҷаҳони амн ва устувор дошта бошад.
“Қазоқистон ҳамоно ба ҳимояти мардуми Афғонистон ба воситаи кумакҳои башардӯстона, лоиҳаҳои омӯзишӣ, рушди тиҷорат ва ташаббусҳои амнияти озуқаворӣ содиқ мемонад”- таъкид кард президенти Қазоқистон.
Президенти Қазоқистон таъкид намуд, ки ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни Қазоқистон ва Афғонистон пайваста дар ҳоли афзоиш аст.
“Мо итминон дорем, ки сулҳ ва рушд дар Афғонистон бояд ҳамзамон ва ҳамқадам пеш раванд. Каромати инсонӣ ва қонунҳои байналмилалӣ ногусастанӣ ба ҳам пайвастаанд. Бидуни талош барои таъмини онҳо, расидан ба суботи пойдор номумкин аст”- афзуд президент.
Антонио Гутерриш низ дар маросими ифтитоҳи Маркази минтақавии ҳадафҳои рушди устувор дар Алмаато гуфт, ки Афғонистон ҷузъи ҷудоинопазири ояндаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ бо ишора ба вазъи башарӣ ва иқтисодии Афғонистон гуфт, мардуми ин кишвар “созовори ояндаи беҳтар мебошанд. Ба таъкиди ӯ, мардуми Афғонистон ба ояндае ниёз доранд, ки бар асоси сулҳ, субот ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон ва духтарон асос ёфта бошад.
Дабири кулли СММ бо таъкид ба ин ки вазъи Афғонистон “ҳаётан муҳим” аст, гуфт: “Ин марказ метавонад дар ҳимоя аз рушди устувори Афғонистон нақши муҳим иҷро кунад, ба шарте ки арзишҳои умумибашрӣ ва усулҳои бунёдии ҳуқуқи инсон дар меҳвари кори он қарор гиранд”.
4-уми марти соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки бар асоси он дар шаҳри Алмаато маркази нави минтақавӣ таъсис дода мешавад.
Вазифаҳои ин марказ аз ҳамоҳангсозии талошҳо, кумакҳои техникӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар бахши мубориза бо фақр, рушди иқтисод, идоракунии зхираҳои об, муқовимат ба тағйири иқлим, нигоҳубини тиббӣ ва маориф иборат мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”