Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Трамп Медведевро таҳдид кард: “Амрико комилан ба ҷанги атомӣ омода аст”
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ишора ба изҳороти ахири муовини Шурои амнияти миллии Русия гуфт, ки кишвараш барои ворид шудан ба ҷанги атомӣ комилан омода аст.
Доналд Трамп дар вокуниш ба изҳороти ахири Дмитрий Медведев, муовини Шурои амнияти миллии Русия ва таҳдиди ӯ, мавзуи ҷанги атомиро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод.
Доналд Трамп дар шарҳи қарори худ доир ба истиқрори ду киштии зериобии атомӣ дар наздикии обҳои Русия гуфт, ки ин иқдом барои таъмини амнияти миллии Амрико амри зарурӣ аст.
“Мо бояд ин корро анҷом медодем. Бояд эҳтиёткор бошем. Таҳдиде сурат гирифт ва мо бар инем, ки ин суханон дуруст набудаанд. Аз ҳамин хотир, барои ҳифзи амнияти мардумамон ин тасмимро гирифтам” – зикр намуд Доналд Трамп.
Президенти Амрико афзуд, “Президенти собиқи Русия таҳдид намуд ва мо тасмим гирифтем, ки аз мардумамон ҳимоя кунем. Шумо фақат лозим аст ҳарфҳоеро, ки ӯ зад, бихонед. Ӯ дар бораи ҷанги атомӣ ҳарф зад. Вақте ин мавзуъ матраҳ мешавад, мо бояд омода бошем ва мо комилан омодаем”.
Доналд Трамп қаблан дар шабакаи иҷтимоии шахсии худ ба номи “ Truth Social ” навишта буд, ки дар вокуниш ба изҳороти Медведев дар фазои маҷозӣ дастур додааст ду киштии зериобии атомии Амрико дар як “минтақаи муносиб” ҷойгир карда шаванд.
Президенти Амрико суханони мақоми баландпояи Русияро “аҳмақона ва таҳрикомез” дониста, ҳушдор дод, ки “калимаҳо аҳамияти зиёд доранд ва бисёр вақт метавонанд паёмадҳои ғайримунтазира ба бор оваранд”.
Ин баҳси маҷозӣ аз он ҷо оғоз ёфт, ки Трамп Президенти собиқи Русияро як роҳбари “нобарор” хонд ва ҳушдор дод, ки “эҳтиёткорона сухан гӯяд”. Дар вокуниш Медведев бо як изҳороти шадид ба Трамп ҳушдор дод, ки Маскавро беш аз ҳад таҳрик надиҳад ва аз “устураи дасти мурда” ёдоварӣ кард.
“Дасти мурда” (Dead Hand) – як системаи автоматии муҳофизати атомист, ки дар сурати нобуд шудани роҳбарияти Русия, ба таври худкор мушакҳои атомиро партоб мекунад. Ин система ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бармегардад ва гуфта мешавад, ки то имрӯз дар Русия фаъол боқӣ мондааст.
“Ва дар мавриди ҳарфҳои Трамп дар бораи иқтисодҳои мурдаи Ҳинд, Русия ва ҳамчунин, “ворид шудан ба минтақаи бисёр хатарнок”, бигзор ба ӯ филмҳои дӯстдоштааш дар бораи мурдаҳои зинда (зомбиҳо)–ро хотиррасон кунам ва ба ӯ ёдовар шавам, ки устураи “дасти мурда” то чӣ андоза метавонад хатарнок бошад” – зикр намуд Доналд Трамп.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад