25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
02.08.2025 11:15

Як ниҳоди амрикоӣ мегӯяд Афғонистон ба пойгоҳи “ДОИШ-и Хуросон”, “Ал-қоида” ва “Толибони Покистон” табдил шудааст

“Гурӯҳи террористии “ДОИШ-и Хуросон”, “Ал-қоида” ва “Таҳрики толибони Покистон” озодона дар қаламрави Афғонистон фаъолият мекунанд ва ҳукумати Толибон дар ин замина натавониста аст, ки коре кунад”, - гуфта мешавад дар охирин гузориши дафтари нозири вижаи ИМА барои бозсозии Афғонистон (СИГАР), ки ба Конгресси ИМА ироа шудааст.

СИГАР гурӯҳи “ДОИШ-и Хуросон”-ро “ҷиддитарин таҳдид” ба ақаллиятҳои мазҳабиву қавмӣ, кормандони СММ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Афғонистон номида, гуфт, ки ин шабака дар вилоятҳои Бадахшон, Нуристон ва Кунар пойгоҳ дошта, таҳти фишори зиддитерроризм ҳамоно устувор мондааст.

Ба иттилои СИГАР Толибон ба “Таҳрики толибони Покистон” паноҳ додаанд ва наздик ба 6500 ҷангҷӯи он дар шарқи Афғонистон мустақар мебошанд.

Соли 2025 Иёлоти Муттаҳида барои аввалин бор дар 24 соли ахир ҳамаи кумакҳои худ ба Афғонистонро қатъ кард. Ин қарор бар асоси фармони иҷроии президенти ИМА Доналд Трамп ба хотири бознигарии кумакҳои хориҷӣ амалӣ шуд.

Дар пайи ин тасмим Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст, ки шумораи афроди дастрас ба кумакҳои башардӯстона аз 22,9 миллион ба 12,5 миллион коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон 12,6 миллион нафар дар вазъи шадиди норасоии ғизо қарор доранд ва 90% кӯдакони хурдсол дар муҳити камғизо зиндагӣ мекунанд.

Гузориш барҷаста мекунад, ки фасод, истибдод ва набуди назорати байналмилалӣ монеаи аслии рушди Афғонистон гардидаанд. Ба гуфтаи СИГАР Толибон дар истифодаи кумаки башардӯстона ва идораи молия муваффақ набуда, дар набуди низоми қонунии мустақил боиси заъфи шадиди идорӣ шудаанд.

СИГАР дар ин гузориш талоши Толибонро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи занон “сохтори низомманди табъиз ва истибдод” тавсиф карда, онро ҷиноят бар зидди башарият донистааст. Дар шароити кунунӣ духтарон пас аз синфи 6 иҷозаи таҳсил надоранд ва занон аз бисёр вазифаҳо маҳруманд.

Дар гузориш омодааст, ки бо вуҷуди муносибатҳои маҳдудшудаи ИМА бо Толибон, Русия нахустин кишвар шуд, ки режими ҳокимро расман эътироф кард. Ба гуфтаи СИГАР ин иқдом метавонад роҳро барои эътирофи Толибон аз сӯи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ боз кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.