Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд
Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 эстакада ва як пул санги асос гузошт
Дар 9 моҳ дар кишвар 104 муассисаи тиббӣ сохта шудааст
Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард
238 медал дар шаш моҳ. Дастовардҳои варзишӣ афзудаанд
Тавре Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, давоми соли равон 289 варзишгари тоҷик аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 72 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ дар хориҷи мамлакат иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал, аз ҷумла 67 медали тилло, 74 нуқра ва 97 биринҷӣ ворид намуданд.
Дар ин росто гуфта шуд, ки варзишгарони кишвар дар нимсолаи якуми соли гузашта 207 медал, аз ҷумла 55 тилло, 52 нуқра ва 100 биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Дар идомаи нишаст афзуда шуд, ки дар маҷмуъ, аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5312 чорабинии варзишии касбӣ бо фарогирии 168 ҳазору 643 варзишгар баргузор карда шуд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз лиҳози чорабинӣ 102 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 68 ҳазору 942 нафар зиёд мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт