Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”
Русия: 275 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар як шаб сарнагун кардем
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Чин аз вазъияти фоҷеабори Ғазза изҳори нигаронӣ кард
Чин мегӯяд аз вазъияти феълии Ғазза шадидан нигарон аст ва мухолифи ташдиди амалиёти низомии Исроил дар минтақа мебошад.
Хабаргузории “Синхуа” ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи чоршанбе гуфт, ки кишвараш бо диққати зиёд ҷараёни рӯйдодҳоро дар Ғазза пайгирӣ мекунад.
“Мо амиқан нигарони вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Ғазза ҳастем. 21 моҳ аст, ки даргириҳо идома доранд ва шароити башардӯстона дар ин минтақа ҳич гоҳ ба ин андоза бад набудааст” – омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин.
Гуфта мешавад, ки Чин аз Исроил даъват мекунад, амалиёти низомиро фавран қатъ намояд, муҳосира ва ишғоли Ғаззаро бекор кунад ва дастрасии пурра ба кумакҳои башардӯстонаро барқарор намояд, то аз густариши буҳрони башарӣ пешгирӣ шавад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки дар ҳафтаҳои ахир бархе кишварҳои арабӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ борҳо аз бад шудани вазъ дар Ғазза ва афзоиши теъдоди қурбониён изҳори нигаронӣ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад
Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”
Русия: 275 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар як шаб сарнагун кардем