25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
30.07.2025 07:11

Толибон дар се ҳафта 15 журналистро дар Афғонистон боздошт кардаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон рӯзи душанбе бо нашри як изҳорот аз мавҷи нави боздошти хабарнигорон ва фаъолони расонаӣ аз ҷониби маъмурони “амри маъруф”  ва идораи истихбороти Толибон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи ин марказ, феълан 15 нафар хабарнигорон ва кормандони расонаӣ дар боздошт қарор доранд.

Тибқи гузориши расмии ин марказ, ду ҳафта қабл як хабарнигор ва ду фаъоли расонаӣ бо иттиҳоми баргузории дарсҳои омӯзишӣ барои духтарон боздошт ва барои бозпурсӣ ба дастгоҳи истихбороти Толибон интиқол дода шудаанд. Қабл аз он як шахс дар маҳаллаи Картаи сеи Кобул бо гумони таҳия ва дастгирии техникии вебсайтҳои хабарии мустақар дар хориҷ боздошт ва ба боздоштгоҳи амниятии Толибон интиқол ёфт.

Ҳамчунин, як хабарнигори маҳаллӣ дар яке аз вилоятҳои Афғонистон боздошт шуда, пас аз ду рӯз бо таҳия кардани санади замонат ва шартҳои сахти Толибон озод шуд. Марказ ҳамчунин, дар гузориши худ зикр кард, ки кормандони идораи истихборот ва амри маъруф ба дафтари ширкати расонаии Пиксел ҳамла карда, масъули ширкат ва муовини ӯро боздошт ва таҷҳизоти он, аз ҷумла камераҳо, компютерҳо ва воситаҳои захираи иттилоотро мусодира кардаанд.

Пас аз он дафтари амри маъруфи Толибон видеое нашр кард, ки дар он боздоштшудагон дар бораи дубляжи сериёлҳои хориҷӣ “эътироф” мекунанд. Ин марказ таъкид намудааст, ки чунин “эътирофҳо” зери фишор гирифта шудаанд ва бо меёрҳои байналмилалӣ мутоқибат надоранд.

Маркази хабарнигорони Афғонистон ин боздоштҳоро шадидан маҳкум карда, аз Толибон талаб намуд, ки ҳамаи боздоштшудаҳоро бидуни қайду шарт озод кунанд ва ба озодии матбуот эҳтиром гузоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.