Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Беш аз як миллион муҳоҷири афғон ба ватан баргаштаанд
Дар рӯзҳои ахир бисёре аз кишварҳо муҳоҷирони афғонистониро ба ватанашон бармегардонанд. Дар пасманзари ин раванд Вазорати умури муҳоҷирони ҳукумати террористии Толибон иттилоъ дод, ки то охири моҳи июн беш аз 946 ҳазор шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои Эрон, Покистон ва Туркия ба ватан боз гаштаанд.
Абдумуталиб Ҳаққонӣ, сухангӯи Вазорати муҳоҷирони ҳукумати муваққатии Толибон бо тасдиқ намудани ин омор гуфт, аз аввали моҳи июл то ба ҳол, дар маҷмуъ 946 ҳазору 117 нафар аз муҳоҷирони афғон аз Эрон, Покистон ва Туркия ба Афғонистон боз гаштаанд. Тибқи гуфтаи ӯ, аз ин теъдод, 918 ҳазору 364 нафар аз Эрон, 24 ҳазору 238 нафар аз Покистон ва 983 нафар аз Туркия ба ватан баргаштаанд.
Ҳаққонӣ афзуд, ки 163 ҳазору 162 нафари онҳо муҳоҷирони муҷаррад буда, боқимонда бо аъзои хонаводаи худ боз гаштаанд.
Сухангӯи Вазорат гуфт, ки муҳоҷирон баъд аз вуруд ба ватан дар урдугоҳҳои муваққатӣ ҷой дода шудаанд ва бо ҳамкории муассисаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ кумакҳои пулӣ, ғизоӣ ва ғайриғизоӣ дарёфт кардаанд.
Ҳамзамон, бо бозгашти муҳоҷирон Ҳаққонӣ хабар дод, ки 688 нафар аз зиндониёни афғон, ки дар ҳамин моҳ аз зиндонҳои Покистон раҳо шудаанд, низ ба Афғонистон боз гаштаанд.
Ба гуфтаи ӯ, бар асоси гузориши Дафтари интиқоли муҳоҷирон дар минтақаи Спинболдаки Қандаҳор бисёре аз ин зиндониён бо вуҷуди доштани санадҳои расмӣ дар Покистон боздошт шуда буданд. Ҳаққонӣ афзуд, ки пас аз бозгашт, ба ин зиндониён кумакҳои башардӯстона дода шуда, онҳо ба минтақаҳои зисти худ фиристода шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ Муҳаммадӣ, узви Шурои муҳоҷирони ҳукумати муваққатии Толибон дар Покистон дар суҳбат бо хабаргузории “Ово” ҳушдор дод, ки ихроҷи иҷборӣ метавонад боис буҳрони иҷтимоии нав дар Афғонистон гардад.
“Ҳарчанд сиёсати умумии давлати Покистон дар баробари муҳоҷирон тағйир накардааст, вале дар бархе шаҳрҳо муносибат бо муҳоҷирони дорои санад каме беҳтар шудааст. Бо ин вуҷуд, ихроҷи муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷат дар ҳамаи иёлатҳо идома дорад”- гуфт ин масъули ҳукумати Толибон.
Абдуллоҳ Муҳаммадӣ бо ишора ба зиндагии тӯлонии бисёре аз афғонистониҳо дар Эрон ва Покистон ва сармоягузории онҳо дар он кишварҳо гуфт: депорти ногаҳонӣ барои ҳисоббаробаркунии молиявӣ ғайриодилона аст: “Аксарияти онҳо наметавонанд дар зарфи чанд ҳафта молу амволи худро ҷамъоварӣ кунанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”