Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мардеро дар ҳавопаймои Британия барои гуфтани “Аллоҳу акбар” ва “Марг ба Трамп” боздошт карданд
Як марди миёнасол, ки дар дохили ҳавопаймои самти Лондон-Глазго бо гуфтани шиорҳои “Аллоҳу акбар”, “Марг ба Трамп” ва иддаои доштани бомб, ки боиси нигаронии мусофирон шуд, аз ҷониби полиси зиддитеррористии Британия боздошт гардид.
Тавре дар навори сабтшуда аз дохили ҳавопаймо намоён аст, ин мард дар парвози субҳи якшанбе аз фурудгоҳи Лутони Лондан ба шаҳри Глазго аввал шиори “Аллоҳу акбар”, сипас “Марг бар Амрико” ва “Марг бар Трамп” –ро гуфта ва дар иқрор кардааст, ки бо худ бомб овардааст.
Ин ҳодиса дар замоне рӯй дод, ки Президенти Амрико Доналд Трамп бо сафари расмӣ дар шаҳри Глазго қарор дошт. Мусофирон фавран вокуниш нишон дода, ин мардро дар миёни роҳрави ҳавопаймо ба замин зада, зери назорат мегиранд. Дар навор дида мешавад, ки онҳо сабаби рафтори ӯро мепурсанд ва мард мегӯяд, ки бомба надорад ва фақат мехост ба Президенти Амрико паёме расонад.
Баъдан мусофирон ҳамёни ӯро аз ҷайбаш берун оварда, маълум мекунанд, ки ӯ худро паноҳҷӯи муқими Британия муаррифӣ мекунад ва ҳуҷҷатҳояш, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагӣ ва корти бонкияш аз Ҳиндустон мебошад. Номи ӯ дар корт “Абҳи Диодас Нойк” сабт шудааст.
Полиси Шотландия ин мардро баъди фуруд омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Глазго дастгир кардааст. Мақомоти полис таъкид кардаанд, ки вазъият пурра зери назорат аст ва ба ғайр аз шахси боздоштшуда дигар нафаре дар ин қазия даст надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка