Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Писари Байден мегӯяд Нетаняҳу барои фирор аз зиндон ба ҷанг талош мекунад
Ҳантер Байден, фарзанди Президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден бо лаҳни шадид Бенямин Нетаняҳу, сарвазири режими Исроилро интиқод намуда, ӯро “ҳайвони сиёсатзада” номид, ки барои наҷот аз муҳокима ва зиндон минтақаро ба оташи ҷанг мекашад.
Тибқи гузориши шабакаҳои расонаии Исроил Ҳантер Байден дар гуфтугӯ бо хабарнигорон куштори мардуми ғайринизомии фаластинро маҳкум карда, мардуми Амрикоро ба роҳандозии эътирозҳои густурда дар саросари кишвар даъват кард, то хомӯширо дар баробари ҳамдастии Вашингтон бо ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза шикананд.
Ӯ бо ишора ба коҳиши шадиди маҳбубияти Нетаняҳу дар дохили Исроил гуфт, ки “фақат 22 фоизи мардум аз ӯ ҳимоят мекунанд ва маҳз барои наҷот аз муҳокима ва зиндон, ӯ мехоҳад боз як ҷанги дигарро дар минтақа барангезад”.
Фарзанди Президенти пешини Амрико зикр намуд, ки Нетаняҳу дар тӯли 22 соли ахир борҳо иддао кардааст, ки Эрон дар остонаи истеҳсоли силоҳи атомист, аммо ҳар бор ин иддао беасос ва барои ҳифзи манфиатҳои шахсии сиёсӣ будааст.
Ҳантер Байден ҳамчунин, аз талошҳои падараш - Ҷо Байден барои коҳиши таниш дар минтақа ҳимоят карда, гуфт: “Падарам борҳо аз фиристодани бомбаҳои сангаршикан ба Тел-Авив пешгирӣ кард ва барои боз намудани гузаргоҳи Рафаҳ фишор овард”.
Ӯ зикр кард, ки роҳи воқеъбинонаи ҳалли қазияи фаластиниҳо амалӣ намудани нақшаи барасмиятшиносии ду кишвар аст ва афзуд “ҳич кишвари минтақа қодир нест, аҳолии Ғаззаро дар қаламрави худ ҷой диҳад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка