Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Доналд Трамп ба далели сиёсатҳои зиддиисроилӣ Амрикоро аз ЮНЕСКО хориҷ кард
Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварашро аз Созмони Милал оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) хориҷ кард. Ӯ далели ин тасмимро ба он марбут донист, ки дар ин созмон равияҳои зиддиамрикоӣ ва зиддиисроилӣ фаъолият мекунанд.
Дар моҳи феврали соли равон Президент Доналд Трамп супориш дода буд, ки дар идомаи 90 рӯз ширкати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ЮНЕСКО мавриди бозбинӣ қарор гирад. Ӯ хост, ки дар ин санҷиш, махсусан ба эҳтимоли мавҷуд будани “интисемитзм ё равияҳои зиддиисроилӣ” дар дохили созмон диққати ҷиддӣ дода шавад.
Пас аз анҷоми ин санҷиш, намояндагони ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтанд, ки онҳо аз сиёсати ЮНЕСКО дар самти гуногунандешӣ, баробарӣ ва фарогирӣ, ҳамчунин, мавқеъгирии он ба нафъи Фаластин ва Чин норозӣ мебошанд.
“Президент Трамп тасмим гирифт, ки Иёлоти Муттаҳидаро аз ЮНЕСКО хориҷ намояд, созмоне, ки фарҳанги “ваук” ва ташаббусҳои фарҳангиву иҷтимоии таҷзияталабонаро ҷонибдорӣ мекунад, ки комилан бо ақли солим ва масиреро, ки мардум дар моҳи ноябр ба он раъй доданд, дар мухолифат қарор дорад”- зикр кард муовини котиби матбуотии Кохи сафед Анна Келли.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка