25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
18.07.2025 11:28

Як ҳайати амниятии Толибон ба Русия сафар мекунад

Рӯзномаи русии "Независимая газета" хабар дод, ки ҳайате аз мақомоти амниятии гурӯҳи террористии Толибон, ки ахиран аз ҷониби Маскав расман ба ҳайси Аморати Исломии Афғонистон эътироф шудааст, дар ояндаи наздик ба пойтахти Русия сафар хоҳад кард.

Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳайати зикршуда иборат аз афродест, ки ба доираҳои баландпояи амниятии Толибон наздик буда, аз эътимоди пурраи онҳо бархӯрдор мебошанд.

Андрей Серенко, таҳлилгари сиёсӣ ва муаллифи ин матлаб гуфтааст, ки бархе аз ин афрод қаблан дар музокирот бо намояндагони Агентии маркази истихбороти ИМА ширкат доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол меравад, ки рӯйхати ҳайат бо ҳамоҳангии миёни тарафҳои амниятии Амрико ва Толибон таҳия шудааст.

“Независимия газета” ҳамчунин, иддао кард, ба санади махфие даст ёфтааст, ки санаи 13- июли соли ҷорӣ дар қароргоҳи Раёсати кулли иттилооти Толибон таҳия шудааст. Ин санад дорои номи шахсонест, ки барои сафар ба Русия омодагӣ мебинанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ин дидор дар пайи иқдомҳои ахири Маскав сурат мегирад, ки бо қабули эътимодномаи сафири нави Толибон дар Маскав нахустин кишвари ҷаҳон гардид, ки ҳукумати онҳоро расман эътироф мекунад.

Қаблан, Прокуратураи генералии Русия аз Суди олии ин кишвар дархост намуда буд, ки номи Толибон аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ хориҷ карда шавад. Суд рӯзи 17-уми апрел мамнуъ будани фаъолияти ин гурӯҳро бекор кард ва номи онҳоро расман аз рӯйхати “гурӯҳҳои террористӣ” хориҷ намуд.

Ҳамчунин, сафорати Афғонистон дар Маскав хабар дод, ки Мавлавӣ Гулҳасан ба ҳайси сафири нави ин кишвар фаъолияти расмии худро оғоз намудааст.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи Крелм гуфта, “тамосҳо бо Афғонистон дар сатҳҳои гуногун идома хоҳанд ёфт”, вале дар айни ҳол мулоқоти роҳбари Русия Владимир Путин бо мақомоти ҳукумати Толибон дар назар нест.

Баъди ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон Рустам Хабибулин, роҳбари Маркази тиҷорати Русия дар Афғонистон гуфт, ки Маскав барои таъсиси Шурои сармоягузории муштарак бо Кобул талош дорад. Ин иқдом дар идомаи барқарории робитаҳои расмии дипломатӣ ва лағви таҳримҳои амниятӣ нисбати Толибон арзёбӣ мешавад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.