Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Амрико бо нусхабардорӣ аз “Шоҳид” –и Эрон бесарнишини нав сохта аст
Вебгоҳи амрикоии Defense Blog гузориш додааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз як дрони низомии камхарҷ бо номи LUCAS (Лукас) парда бардоштааст, ки ба гуфтаи ин манбаъ, бо шабоҳати зиёд ба дрони "Шоҳид"-и Эрон тарҳрезӣ шудааст.
Ин дрон рӯзи чоршанбе, бо ҳузури Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико, дар саҳни бинои Пентагон муаррифӣ шудааст. Дрони Лукас аз сӯи ширкати Specter Works, воқеъ дар аёлати Аризона истеҳсол гардидааст.
Мувофиқи гузориш, LUCAS қобилияти истифода ҳамчун дрони ҳадаф ва низ ҳамчун як системаи ҷангии мухталифро дорад. Он метавонад аз роҳҳои гуногун, аз ҷумла тавассути мушак ё ба василаи насб бар рӯи мошини боркаш партоб шавад.
Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, тарҳи ин дрон дар ҳоле ошкор мешавад, ки тамоюл ба сӯи истифодаи дронҳои арзон ва бисёркарата дар ҷаҳон, хусусан пас аз истифодаи васеи "Шоҳид"-ҳои Эрон дар ҷангҳои Украина ва Ховари Миёна, афзоиш ёфтааст.
Ба навиштаи Defense Blog, истифодаи дронҳои "Шоҳид" аз ҷониби неруҳои муттаҳиди Эрон боис шудааст, ки барномарезони низомии Амрико тарҳи ин навъи дронро таҳлил карда, намунаҳои монандро дар дохили ИМА истеҳсол намоянд.
Ширкати истеҳсолкунандаи LUCAS гуфтааст, ки озмоиши муваффақонаи ин дрон анҷом шуда, он барои ворид шудан ба хидмат дар неруҳои ҳавоии Амрико омода аст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка