20 Октябр 2026,
сешанбе, 23:19, Душанбе
16.07.2025 11:22

Чаро Муҳаммад Наимов ба рӯйхати топ-15 размкори вазни худ шомил нашуд?

Ҳаводорону алоқамандони муҳорибаҳои омехта интизор буданд, ки Муҳаммад Наимов пас аз ғалабаи панҷумаш дар ташкилоти UFC ба рӯйхати топ-15 размкори вазни худ мебарояд, вале ин тавр нашуд.

Дирӯз, 15-уми июл ташкилоти UFC ба рӯйхати топ-15 дар вазнҳои гуногун тағйирот ворид кард. Бархеҳо аз ин рӯйхат берун шуданд, баъзеи дигар ворид гардиданд. Вале интизориҳои мухлисони размкори шинохтаи тоҷик Муҳаммад Наимов бенатиҷа монданд.

Муҳаммад Наимов бо шаш моҳорибаву 5 ғалаба дар UFC натавонист ба рӯйхати топ-15 барояд, вале дар вазни ӯ размкороне ҳастанд, ки охирин ғалабаашонро соли 2022-2023 ба даст овардаанд.

Варзишгари тоҷик пас аз муҳорибаи охираш, ки 21-уми июн дар Бакуи Озарбойҷон доир гашт, умедворӣ намуд, ки ба ӯ аз рӯйхати топ-15 рақиб мебиҳанд, аммо чун ҳоло худи ӯро дар ин рӯйхат шомил накарданд, боварӣ ниҳоят кам аст, ки рақиби навбатиаш размкори номдоре гардад.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Наимов то имрӯз 14 ғалаба ва 3 бохт дорад, ки аз ин шумора 5 ғалабаву 1 бохташ дар ташкилоти UFC ба қайд гирифта шудааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

20.10.2026 17:36

Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст

Рӯзномаи “Ню-Йорк пост” менависад, ки дар таҳқиқоти нав мақомоти федералии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иттиҳоми издивоҷи сенатори Конгресси Амрико Илҳон Умар бо бародараш, аз ҷумла ба далелҳои эҳтимолии генетикӣ даст ёфтаанд. Ин рӯзнома навишт, ҳоло “натиҷаҳои ташхиси ДНК ё санадҳои судие, ки ин иддаоро тасдиқ кунад”, ба шакли оммавӣ нашр нашудаанд.
20.10.2026 16:09

Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт

Бар асоси иттилои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ду нафткаш дар гузаргоҳи Ҳурмуз бар асари таркиши минаҳои дарёӣ оташ гирифта ва ҳаракати онҳо аз ҷониби неруҳои Сипоҳи посдорон боздошта шуд.
20.10.2026 14:54

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон: Толибон дар Панҷшер тақрибан 30 ҳазор неру ҷойгир кардаанд

Абдуллоҳ Ханҷонӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як изҳорот мегӯяд, гурӯҳи террористии Толибон дар Панҷшер тақрибан 30 ҳазор неруи ҷангӣ ҷойгир кардаанд. Ҳамчунин, ин гурӯҳ дар Панҷшер 700 посгоҳи амниятӣ таъсис додааст.
20.10.2026 14:48

Ройтерз: Чин аз Тоҷикистон даъват кард мубориза бо ифротгароиро пурзӯр ва барои ҳифзи ҷони чиниҳо чораҳои қатъӣ андешад

Хабаргузории “Ройтерз” навишт, Ли Сян, сарвазири Ҷумҳурии халқии Чин аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки ҳамкориҳои амниятӣ, табодули иттилооти иктишофӣ барои мубориза бо ифротгароӣ ва ҷудоихоҳиро густариш диҳад. Ӯ, ҳамчунин, аз Тоҷикистон хостааст, барои ҳифзи ҷони шаҳрвандони Чин чораҳои қатъӣ андешад.
20.10.2026 12:06

Расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд: Эрон 135 бор ба инфрасохтори низомии Амрико ҳамла кардааст

Расонаҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ дар хусуси ҷанг бо Эрон ва хисороти инфрасохтори энергетикӣ дар кишварҳои Халиҷи Форс, болоравии нархи нафт ва эҳтимоли идомаи ҷанг таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳамзамон, гузоришҳо дар хусуси баррасии ҳамлаи эҳтимолии Амрико нашр шудааст.
20.10.2026 10:21

Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи "Хуҷанд" бо роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович дар бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
20.10.2026 10:19

Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад

Як масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки Душанбе ба ҳимояти суботу бозсозии иқтисодии Афғонистон идома хоҳад дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, амнияти Афғонистон ба суботи Осиёи Марказӣ робитаи мустақим дорад ва аз ин рӯ, барои аз байн бурдани таҳдидҳои фаромарзӣ ҳамкории кишварҳои минтақа муҳим мебошад.
20.10.2026 09:21

Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон

19-уми октябр президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки ба мақсади иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби “C5+1” дар шаҳри Самарқанд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
20.10.2026 09:18

Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр дар Қасри миллат Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.