Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Эрон масъалаҳои муҳоҷират ва ҳамкории консулиро баррасӣ карданд
Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон мулоқоти Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон дар умури консулӣ Ваҳид Ҷалолзода доир гардид.
Тибқи иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ҷонибҳо зимни ин мулоқот масъалаҳои калидии робитаҳои дуҷонибаро, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, танзими рафтуомад ва будубоши шаҳрвандон дар заминаи лағви раводидро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи консулӣ иброз карда, баргузории даври навбатии машваратҳои консулии миёни ду кишварро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Мавзуъҳои баррасишуда ба гуфтаи дипломатҳо, дар заминаи афзоиши рафтуомад ва рушди робитаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии миёни Тоҷикистон ва Эрон аҳамияти ҷиддӣ касб менамоянд.
Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки дар чанд соли ахир муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стартегии сиёсӣ ва иқтисодӣ наздик шуда, ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷират ва масъалаҳои консулӣ беш аз ҳар вақти дигар дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд