29 Сентябр 2026,
сешанбе, 16:29, Душанбе
07.07.2025 19:13

41 ҳазору 849 нусха адабиёт ба фонди Китобхонаи миллӣ ворид гардид

Тавре аз шуъбаи мукаммалгардонии фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 41 ҳазору 849 нусха адабиёт ба фонди Китобхонаи миллӣ ворид гардидааст.

Зикр мегардад, ки аз шумораи умумии адабиёти воридшуда 38 ҳазору 671 нусха китоб, 1 ҳазору 409 маҷалла, 250 диссертатсия, 250 автореферат, 26 нусха нашрияи давомноки илмӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, 10 адад нота, 3 нусха диск, 1 ҳазору 222 нусха автореферати хориҷӣ, 8 нусха изографика, 2034 нусха нусхаи ҳатмӣ, 2 ҳазору 195 нусха сарчашмаи гуногун сабт гардидааст.

Манбаъ меафзояд, ки адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида 35 ҳазору 375 нусхаро ташкил додааст. Ҳамчунин, 489 нусха китоб аз сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ, 373 нусха маҷаллаи обунавии ватанӣ, 89 нусха маҷаллаи хориҷӣ ва 947 адад маҷаллаҳ ҳатмӣ ворид шудааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки тибқи мактубу дархости вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ дар соли ҷорӣ 23 ҳазору 400 нусха китоб аз ҳисоби китобҳои бисёрнусхаии аз аҳолӣ тақдимшуда, тариқи ройгон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.