3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
03.07.2025 14:03

Амрико фиристодани мушакҳои зиддиҳавоӣ ба Украинаро қатъ кард

Сухангӯи Пентагон дар бораи қарори Доналд Трамп дар мавриди қатъи ирсоли бархе аслиҳа ба Украина изҳор дошт, ки ин иқдом як бахши кӯшиши фарогир дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад: “Мо наметавонем ба тамоми ҷаҳон силоҳ ирсол кунем ва бояд дар фикри Амрико бошем”.

Мақомоти Пенгатон рӯзи чоршанбе эълон карданд, ки қарори Доналд Трамп барои қатъи ирсоли як қисми аслиҳа ба Украина бахше аз як кӯшиши фарогир дар масъалаи ирсоли ҷаҳонии аслиҳаҳои Амрико мебошад. Гуфта мешавад, ин бозбинӣ метавонад ба қатъи комил ё қисмани ирсоли муҳимот ба Украина боис шавад, ки натиҷаи ниҳоии он ба таҳқиқоти Вазорати дифоъ вобаста хоҳад буд.

Мақомоти Вазорати дифои Амрико рӯзи сешанбе эълон карда буданд, ки ҳукумати Вашингтон ба хотири нигаронӣ аз кам шудани захираҳои аслиҳаҳои Амрико, ирсоли системаи дифои зиддиҳавоии “Патриот”, тири артиллерия ва мушакҳое, ки неруҳои ҳавоии Украина бо ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-и амрикоӣ партоб мекунанд, мутаваққиф намудааст.

Шон Парнелл, сухангӯи Пентагон рӯзи гузашта дар нишасти матбуотӣ шарҳ дод, ин бозбинӣ тамоми кишварҳое, ки Амрико ба онҳо силоҳ ирсол мекунад, дар бар мегирад ва фақат ба Украина маҳдуд намешавад. Ӯ дар идома аз посух додан ба суоли он ки оё Амрико ирсоли аслиҳа ба кишварҳои дигарро низ қатъ кардааст ё не, худдорӣ карда, афзуд: “Мо наметавонем ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аслиҳа диҳем. Мо бояд дар фикри Амрико ва ҳимояи ватану неруҳоямон дар саросари ҷаҳон бошем”.

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.