Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Маркетплейсҳои чинӣ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ чӣ нақш доранд?
Густариши босуръати платформаҳои бузурги интернетии Чин, ба мисли Shein, Temu, JD.com ва Alibaba вазъи бозорҳои Осиёи Марказиро печида кардаанд. Ҳаракати дастаҷамъонаи харидорон ба шабакаи онлайн дар ҷустуҷӯи нархи арзон бозорҳои анъанавиро ба буҳрон рӯ ба рӯ сохтааст.
Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки вуруд ба воситаи ширкатҳои карго бо истифода аз нақшаҳои ноошкор боиси гум шудани назорати гумрукӣ шудааст. Дар Қирғизистон, ба гуфтаи таҳлилгарон на ҳаҷми воқеии маҳсулоти воридшуда маълум аст ва на масштаби дуборафурӯшии онҳо.
Вазъият рақобати носолимро шадид кардааст: тоҷироне, ки қонунро риоя мекунанд, бо сабаби фишори андозу гумрук аз бозор берун мешаванд, ин дар ҳолест, ки тоҷирони ғайрирасмӣ бе пардохти фискалӣ нархи худро коҳиш медиҳанд.
20-уми марти соли 2025 Ӯзбекистон бо сабаби набудани сабти ҳуқуқӣ ва пардохти андоз дастрасӣ ба “Temu”-ро манъ кард. Баъди ин платформа маҷбур шуд намояндагии расмӣ кушояд ва барои тамоми давраи фаъолияташ ААИ пардохт кунад.
Дар Қазоқистон ҳиссаи харид аз мағозаҳои интернетии хориҷӣ ба 20% расидааст, ки дар се сол ду баробар афзудааст. Таҳлилгарон огоҳ мекунанд, ки ин раванд метавонад садҳо ҳазор ҷойи кориро аз байн барад ва ба тиҷорати хурд зарбаи шадид ворид кунад.
Коршиносон бар инанд, ки агар фурӯшандагони хориҷӣ ба сабти расмӣ ва пардохти андоз уҳдадор нашаванд, минтақа метавонад бо фурӯпошии низоми маъмулии савдо ва буҳрони густурдаи соҳибкорӣ рӯ ба рӯ шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад