Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп дар бораи ҷинси зани Макрон назар дод: “Ӯ зан ба назар мерасад”
Доналд Трамп, Президенти Амрико дар як гуфтугӯи хусусӣ бо рӯзноманигори амрикоӣ Кэндис Оуэнс назарҳои марбут ба тағйири ҷинсии Брижит Макрон, зани Президенти Фаронсаро рад кардааст. Трамп дар ин суҳбат гуфтааст: “Ман Брижитро аз наздик дидаам, ӯ комилан зан ба назар мерасад”.
Рӯзноманигор Кэндис Оуэнс, ки дар доираи таҳқиқоти худ иддаоҳои вобаста ба тағйири ҷинси зани Макронро баррасӣ мекунад, гуфт, ки Трамп аз ӯ хостааст ин таҳқиқотро қатъ кунад. Ба гуфтаи ӯ, Трамп бовар дорад, ки чунин шубҳаҳо асос надоранд.
Бо вуҷуди ин, Оуэнс гуфт, талош кардааст Трампро боварманд созад, зеро бар асоси иттилои ӯ ҳамсари Президенти Фаронса бо табибе, ки дар бахши ҷарроҳии тағйири ҷинс тахассус дорад, дар иртибот будааст.
Журналисти амрикоӣ дар моҳи январ ваъда дод, ки ҳуҷҷатҳо ва далелҳои вобаста ба ин қазияро нашр мекунад. Аммо бар асоси иттилои манбаъ, ӯ ҳоло бо таҳдиди пайгарди қонунӣ аз сӯи вакилони оилаи Презиленти Фаронса рӯ ба рӯ шудааст. Ин баҳсҳо дар ҳоле дубора авҷ мегиранд, ки масъалаи ҳаёти шахсии сиёсатмадорони сатҳи аввал борҳо ба ҳайси абзори ҷанҷолҳои сиёсӣ ва таблиғотӣ истифода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка