Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Дар маҷлиси Ҳукумат стратегияи ҷалби сармоягузорӣ то соли 2040 баррасӣ шуд
Рӯзи 30-уми июн таҳти раёсати Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маҷлис стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040, лоиҳаи қонунҳо ва дурнамои макроиқтисодии кишвар баррасӣ шуд.
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус гузориш дод. Стратегияи мазкур вазифаи беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро дар бар мегирад. Вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои саривақтии стартегияро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, нақшаи кори ҳукумат барои нимсолаи дуюми соли 2025 муҳокима гардид. Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки роҳбарони сохторҳо лоиҳаи қарорҳоро сари вақт омода карда, чорабиниҳои муҳимми ҷумҳуриявию байналмилалиро дар сатҳи баланд баргузор кунанд.
Маҷлиси Ҳукумат як қатор лоиҳаҳои қонунҳоро низ маъқул донист, аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, қонуни вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва қонуни мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки ба баррасии парлумон пешниҳод мегарданд.
Ҳамчунин, дурнамои макроиқтисодии кишвар барои солҳои 2026-2028 баррасӣ шуда, нақшаи амали Барномаи рушди кино барои солҳои 2023-2027 муҳокима гардид.
Дар анҷоми маҷлис Эмомалӣ Рамҳон барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон, омодагӣ ба соли нави таҳсил ва истиқболи 35-солагии Истиқлолият супоришҳои мушаххас доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод