Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Эҳсоси пирӯзии Хоманаӣ Трампро ба хашм овард. Трамп гуфт, эҳтимоли бомбаборони дубораи Эронро баррасӣ мекунад
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа шадидан аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ танқид карда, гуфт, ки нақшаи лағви теҳримҳои бекоршуда бар зидди Эронро бекор мекунад. Ӯ гуфт агар Теҳрон сатҳи ғанисозии уранро ба марҳилаи нигаронкунанда афзоиш диҳад, эҳтимоли бомбаборони дубора ба ин кишварро баррасӣ хоҳад кард.
Президенти Амрико баъди нахустин изҳороти Хоманаӣ баъд аз ҷанги дувоздаҳрӯза, ки бо ҳамлаи ҳавоии Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон поён ёфт, ба он посух дод.
Роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паёми телевизионии худ гуфт, ки бо ҳамла ба пойгоҳи низомии Амрико дар Қатар “шаппотии сахте ба рӯи Амрико задем” ва таъкид кард Эрон “ҳаргиз таслим намешавад”.
Доналд Трамп дар паёми худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: “Кишвараш хароб шуд, се маркази атомиаш нобуд карда шуданд ва ман маҳалли дақиқи пинҳон шуданашро медонистам. Аммо нагузоштам, ки Исроил ё неруҳои мусаллаҳи Амрико, ки бузургтарин ва пурқудраттарин дар ҷаҳонанд, ӯро бикушанд. Ман ӯро аз марги хеле зишт ва шармовар наҷот додам”.
Дар посух ба лаҳни таҳқиромези Доналд Трамп Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ навишт, ки агар Амрико ба дунболи созиш бо Эрон аст, аз “лаҳни таҳқиромез” нисбат ба роҳбари олии Эрон даст бикашад.
“Агар президент Трамп дар иродаи худ барои созиш ҷиддӣ бошад, бояд аз лаҳни таҳқиромез ва ғайриқобили қабул нисбат ба роҳбари олии инқилоб Оятуллоҳ Хоманаӣ даст кашад ва ба ҳазорон пайрави вафодори ӯ осеб нарасонад”- навишт Аббос Ироқчӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка