Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Сарвари давлат Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнонро ба истифода доданд
Субҳи имрӯз, 27-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни ифтитоҳ Сарвари давлат бо шароити фаъолият ва хизматрасонӣ дар беморхонаи мазкур шинос шуданд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашнҳои бузургу таърихӣ 28-солагии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 13 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Гуфта мешавад, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон дар се ошёна ва таҳхона бунёд ёфта, аз 75 ҳуҷра, аз ҷумла 55 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 45 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, таваллуд, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ин муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ҷарроҳии умумӣ, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷа аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод