27 Сентябр 2026,
якшанбе, 06:09, Душанбе
25.06.2025 15:23

Никол Пашинян мухолифонашро ба ташкили “табаддулоти разилонаи давлатӣ” муттаҳам кард

Нашрияи армании “Civic” ба ҳуҷҷате бо номи “Стратегияи давлатӣ” даст ёфтааст, ки дар он нақшаи марҳила ба марҳила барканор кардани ҳукумати имрӯзаи Арманистон зикр шудааст.

Ба навиштаи нашрия ин санади ҳафтсаҳифагӣ аз “сарчашмаҳои боэътимоди мухолифон” ба даст омадааст. Дар ҳуҷҷат ҳадаф чунин муайян шудааст: сарнагун кардани режими Никол Пашинян ва вогузор кардани ҳокимият ба мардум, калисо ва дигар сохторҳои мардум. Бар асоси ин санад, иҷрои нақшаи табаддулоти давлатӣ рӯзи 23-уми июл муайян шудааст.

Дар бахши “захираҳои инсонӣ”-и санади ёфтшуда номҳои президентҳои собиқи Арманистон Роберт Кочарян  ва Серж Саргсян, сармоядори боздоштшуда дар Русия Самвел Карапетян, соҳибкор Гагик Старукян, роҳбари Ҳизби Арманистони гулгулшукуфон зикр шудааст. Аз ҷумлаи сохторҳои дар ҳуҷҷат номбаршуда “Газпром Армения” ва “Роҳи оҳани Қафқози ҷанубӣ” мебошанд, ки ба ширкати Роҳи оҳани Русия тааллуқ доранд.

Сарвазири феълии Арманистон Никол Пашинян ин санадро дар саҳифаи фейбуки худ нашр карда, шаҳр додааст. Ӯ гуфтааст “ин раванд ҳамчун “табаддулоти нокомшудаи разилон” дар таърих боқӣ хоҳад монд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.