Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Саҳмияҳои ширкати истеҳсолкунандаи F-35 баъди ҷанги Эрон ба шакли бесобиқа коҳиш ёфт
Бо нашри акс ва навори ҷангандаҳои F-35 аз ҷанги Исроил бо Эрон арзиши саҳмияҳои ширкати “Lockheed Martin” башиддат коҳиш меёбад. Ширкати “Lockheed Martin” созандаи ҷангандаи радаргурези F-35-и Амрико аст.
Дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи Эрон ва Исроил мақомоти эронӣ далел оварданд, ки якчанд ҷангандаҳои F-35-и неруҳои Исроилро бомуваффақият нобуд сохтаанд. Исроил дар баробари ин хабарҳо хомӯшӣ ихтиёр кард, аммо нашри аксу наворҳо аз баданаи сарнагуншудаи ҷанганда саҳмияҳои ин ширкатро дар бозори биржа поин овард.
Бар асоси иттилоъ, дар соати 09:45 ба вақти маҳаллии Амрико саҳмияҳои ширкати мазкур якборо поин рафта, ба $461 расид. Ин поинравии арзиши саҳмияҳо нишонаи ошкори коҳиши эътимоди сармоягузорон ба самаранокии ин технологияи пешрафта аст.
Ширкати “Lockheed Martin”, ки ҳамеша F-35-ро “намоишгоҳи нахусти қудрати технологияи амрикоӣ” муаррифӣ мекард, ҳоло дар маркази интиқодҳо қарор гирифтааст. Эҳтимол меравад, ки шартномаҳои муҳимми истеҳсолии ин ширкат бо баъзе аз кишварҳо дар оянда бекор шавад.
Моҳияти қазия он аст, ки дар бозори ҷаҳонии силоҳ нишон додани самаранокии таҷҳизот дар шароити воқеии ҷанг ё беқурб шудани он метавонад як ширкатро ба авҷи шуҳрат ё ба вартаи фурӯпошӣ наздик кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка