27 Сентябр 2026,
якшанбе, 06:10, Душанбе
24.06.2025 04:39

Эрон 3 шаҳрванди Украинаро барои ҷосусӣ ва қасди ҳамла ба корхонаи берсарнишинсозӣ боздошт кард

Мақомоти амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон намуданд, ки се шаҳрванди Украинаро бо гумони “ҳамкорӣ бо хадамоти иктишофии Украина” дар Теҳрон боздошт кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ ин се шаҳрванди Украина барои ҳамлаи мусаллаҳона ба як корхонаи махсуси бесарнишинсозӣ дар Эрон омодагӣ медиданд.

Бар асоси иттилои “Тасним” мақомоти амниятии Эрон тавонистанд, ки пеш аз амалӣ шудани ин ҳамлаи мусаллаҳона онҳоро боздошт намуда, аз ҳамла пешгирӣ кунанд. Дар гузориш зикр мешавад, ки “ин афрод қасди анҷом додани амалиёти харобкоронаеро доштанд, ки амнияти миллии Эронро зери хатар мегузошт ва ба иншооти стратегӣ осеб мерасонд”.

Ба гуфтаи мақомоти эронӣ бозпурсии афроди боздоштшуда идома дорад, то ҷузъиёти бештар дар хусуси шабакае, ки онҳо ба он вобастаанд ва ҳамчунин, иртиботи эҳтимолии ин афрод бо унсурҳои хориҷӣ ошкор гардад.

Мақомоти амниятии Эрон аз боздошти даҳҳо нафар ҷосусони Исроил, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар амалиётҳои харобкорона ширкат доштанд, хабар медиҳанд. То ба имрӯз аз боздошти шаҳрвандони ҳиндӣ ва афғонӣ барои ҷосусӣ ба манфиати Исроил гузориш нашр шудааст. Аз оғози ҷанги Эрон ва Исроил, садҳо нафар дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо Исроил боздошт шудаанд. Танҳо дар ҳафтаи гузашта, се нафар ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Исроил дар Эрон ба қатл расонида шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.