Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Президенти кишвар ва Раиси шаҳр бинои нави “Шаҳри ҳушманд”-ро ба истифода доданд
Имрӯз, 20-уми июн Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” ҷиҳати вусъат бахшидани рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Зикр мегардад, ки бинои нави «Шаҳри ҳушманд» ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст ва дар он зиёда аз 200 нафар бо кор таъмин мегарданд.
Бино дар масоҳати 63 садяк замин сохта шуда, аз 94 утоқи корӣ, 4 маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, маркази коркарди маълумот, маркази назоратӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Бинобар иттилои дастрас, маркази коркарди маълумот қобилияти нигоҳдории ҳаҷми калони маълумотро доро буда, он бо насли нави технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Барои нигоҳдории маълумот дар он зиёда аз 120 пойгоҳи ҳифзи иттилоот васлу насб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7-уми майи соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод