Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Рӯзномаи “Экономист”: Исроил бо 3 далел дар ҷанг бо Эрон пирӯз намешавад
Газетаи маъруфи “The Economist” бо нашри як гузориши таҳлилӣ навишт, ки бо се далел Исроил дар ҷанги мустақим бо Эрон пирӯз нахоҳад шуд. Ба навиштаи ин рӯзнома, Исроил имконияти зиёд барои пирӯзӣ дар ҷанги рӯ ба рӯ бо Эронро надорад.
Ин рӯзнома дар нашри рӯзи 19-уми июн бо баррасии вазъияти ҷанги Исроил бо Эрон се далели асосиро зикр кард, ки боис мешавад, дар ин ҷанг Исроил ба пирӯзӣ нарасад.
1. Вусъати географии Эрон монеаи асосии аз байн бурдани зерсохторҳои низомӣ
Рӯзномаи “Экономист” навишт, Эрон кишвари дорои стратегияи баланди географӣ ва ба фарқ аз Ғазза ва ҷануби Лубнон наметавон онро дар муддати кӯтоҳ ва бо чанд амалиёти маҳдуд ба таври муассир фалаҷ кард. Густурда будани пойгоҳҳои мушакӣ ва марказҳои низомӣ дар саросари кишвар қобилияти зарбапазирии Эронро коҳиш дода, самаранокии ҳамлаҳои дақиқи Исроилро зери шубҳа бурдааст.
2.Фосилаи тӯлонӣ ва маҳдудияти логистикӣ барои Исроил
Ба навиштаи ин рӯзнома, фосилаи ҳазорон километр миёни Эрон ва Исроил иҷрои амалиёти васеъ ва пайвастаро барои Тел-Авив хеле душвор мекунад. Барои нигоҳ доштани тавони ҳамла Исроил ба пойгоҳҳои миёна ва ё ҳимояти фаъоли Иёлоти Муттаҳида ниёз дорад, чизе ки бо назардошти норӯшан будани сиёсати хориҷии феълии Амрико бокафолат нест.
3. Вафодории мардуми Эрон ба низом дар замони ҷанг
Рӯзномаи “Экономист” дар идомаи гузориши таҳлилӣ таъкид мекунад, ки бо вуҷуди норизоятиҳои дохилӣ дар мавриди шароити иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони таҳдиди хориҷӣ ҳамбастагии миллӣ ва ваҳдат дар атрофи низоми сиёсӣ шакл гирифтааст. Ин хусусият боис мешавад, ки тарҳҳое, ба мисли сарнагунсозии зуд ё фурӯпошии дохилӣ дар кӯтоҳмуддат натиҷа надиҳанд.
Ин рӯзномаи чопи Британияи Кабир ба ин хулоса расидаанд, ки ҷанги мустақими Исроил бо Эрон на фақат Тел-Авивро ба дастовардҳои назаррас ва қатъӣ нахоҳад расонд, балки боиси буҳрони минтақавӣ ва афзоиши хароҷоти ҷанг хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад