Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Вокуниши Муин ба ҳамлаи Эрон: “Ватан танҳо меросест, ки наметавон онро ҳадя дод ва фурӯхт”
Хонандаи саршиноси эронӣ Муин дар шабакаи иҷтимоии Фейбук бо навиштани чанд ҷумла ва гузоштани порае аз суруди хондааш дар бораи ватанаш ба ҳамлаи Исроил ба Эрон ғайримустақим ва бидуни ишора ба номи Исроил вокуниш нишон дод.
Муин дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук чунин навишт: “Ватан танҳо меросест, ки ҳаргиз наметавон онро харҷ кард, ҳадя дод ва фурӯхт. Ранҷе, ки ин хок ҳамакнун мекашад, қалби моро мефишорад. Ба умеди раҳоӣ ва озодӣ аз ин ранҷи бузург, ки домани ин хокро гирифтааст”.
Пораи суруди нашркардаи Муин, ки солҳо қабл суруда буд, васфи Эрон аст. Ин суруд бо чунин байтҳои ватанпарастона оғоз мешавад: “Агар Эрон ба ҷуз вайронсаро нест, ман ин вайронсароро дӯст дорам. Агар обу ҳавояш дилнишин нест, ман ин обу ҳаворо дӯст дорам. Ба шавқи хори саҳроҳои хушкаш, ман ин фарсудапоро дӯст дорам. Агар таърихи мо афсонаранг аст, ман ин афсонаҳоро дӯст дорам”.
Муин дар гузашта низ чандин маротиба бар зидди ҳаракатҳои Исроил нисбат ба Эрон вокуниш нишон додааст. Солҳо қабл Муин сурудеро бо номи “Бӣ Бӣ” суруд буд. Мухолифони Эрон бо илҳом аз лақаби Бенямин Нетаняҳу, ки “БӢ БӢ” аст, суруди ӯро бо сӯйистифода ба сарвазири Исроил нисбат доданд. Муин дар бораи он вокуниш нишон дод ва дигар ҳеч гоҳ ин сурудро дар консертҳояш нахонд.
Дар пайи ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон бархе чеҳраҳои мухолифи режимии имрӯзаи Эрон вокунишҳои шадид нишон додаанд. Бархе чеҳраҳои мухолифи режими имрӯзии Эрон дар Аврупо низ ҳамлаҳои Исроилро маҳкум намудаанд.
Бенямин Нетаняҳу чандин бор аз мардуми Эрон хост, бар зидди режим қиём кунанд, аммо дар дохили Эрон ин даъвати Бенямин Нетаняҳу ба вокуниши манфӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҳатто бархе чеҳраҳои мухолифи ҳукумат, ки дар зиндонанд, ба ҳамлаи Исроил вокуниши манфӣ нишон додаанд.
Ҳамсари Мирҳусайн Мусавӣ, яке аз роҳбарони “Эътирозоти сабз”-и Эрон, ки ҳоло дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад, бо навиштани нома “ҳамлаи ҷинояткоронаи режими Исроил” ба хоки Эронро маҳкум кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад