Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сафорати Амрико дар Қудси ишғолӣ муваққатан баста шуд
Расонаҳои байналмилалӣ хабар доданд, ки сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Қудси ишғолӣ (Исроил) баъди ҳамлаҳои мушакии Эрон муваққатан баста шуд.
Тибқи иттилоъ, Шуъбаи сафорати Амрико дар шаҳри Тел-Авив бар асари расидани як мушаки эронӣ осеб дида, бархе кормандони он ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
Сафири Амрико Майк Хакаби дар суҳбат бо расонаҳо дар ин хусус тафсилоти зиёд надод, аммо таъкид кард, ки Сафорат ва консулгарӣ “барои эҳтиёт” муваққатан баста хоҳанд шуд.
Рӯзи гузашта сафири Амрико баъд аз ҳамлаи мушакии Эрон гуфта буд, ки шаби сахтеро гузаронд ва маҷбур шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ панҷ бор ба паноҳгоҳҳо биравад.
Дар изҳороти расмии сафорати Амрико зикр мешавад, бо назардошти вазъи амниятӣ ва муноқишаҳои миёни Исроил ва Эрон ба тамоми ҳайати кормандони давлат ва аъзои оилаи онҳо дастур дода шуд, ки то иттилои сонӣ дар ҷойҳои зисти худ ё наздик ба он монанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка