Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо аз сарҳади Эрон ба Туркманистон гузаштаанд
Дар пайи даргириҳои бошиддати низомӣ миёни Эрон ва Исроил тақрибан 120 шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Руминия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо аз сарҳади Эрон ба Туркманистон гузаштаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар додааст.
Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бо ишора ба “вазъи бавуҷудомада дар Ховари Миёна” таъкид кардааст, ки “Туркманистон чораҳои фаврӣ меандешад, то қаламрави худро барои хуруҷи дипломатҳои хориҷӣ, аъзои оилаи онҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки айни замон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доранд, таъмин кунад”.
“Тақрибан 120 нафар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Руминия ва дигар кишварҳо ба воситаи гузаргоҳҳои марзӣ сарҳади давлатиро бо Туркманистон убур кардаанд”- зикр мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон.
Ба гуфтаи ин ниҳоди Туркманистон ба ҳамаи афроди воридшуда воситаҳои нақлиёт, хӯрок, ҷойи зист дар меҳмонхонаҳо ва маводи ниёзи аввалия дода шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон афзудааст, ки ин амал аз садоқати амалии Туркманистон ба принсипҳои башардӯстӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳасоягии нек шаҳодат медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка