Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сафири Амрико дар Исроил: “Шаби сахте буд, маҷбур шудам панҷ бор ба паноҳгоҳҳо равам”
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Исроил Майк Ҳакабӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки “ин шаб барои Исроил шаби сахте буд”. Ӯ чунин афзудааст: “Маҷбур будам дар давоми шаб панҷ бор ба паноҳгоҳҳо равам”.
Майк Ҳакабӣ сафири Амрико дар Исроил аст ва нисбат ба Эрон мавқеи тунд дорад. Ӯ чанде қабл гуфта буд, ки кишварҳои исломӣ давлати Фаластинро дар қисматҳое аз сарзаминҳои худ ташкил диҳанд ва сокинони минтақаҳои ишғолшудаи Фаластинро кӯчонанд.
Ҳамлаҳои шадиди мушакии Эрон ба шаҳрҳои Исроил, ки бисёр вайронгар будааст, мардуми ин кишвар ва корпусҳои дипломатиро ба таҳлука андохтааст. Бархе расонаҳои исроилӣ иддао кардаанд, ки сарҷангии мушакҳои эронӣ бисёр сангин ва шояд беш аз 2 тонна вазн дошта бошад.
Ҳамлаи мушакии Эрон шоми гузашта дар посух ба ҳамлаҳои Исроил ба хоки Эрон бо шиддат сурат гирифт.
Аксу тасвирҳо нишон медиҳад, ки баъзе аз биноҳои баландошёна дар Тел-Авив комилан фурӯ рехтаанд. Эрон аз ҳамла ба марказҳои муҳимми низомии исроилӣ хабар дод. Расонаҳои исроилӣ тасдиқ намуданд, ки маркази вазорати дифоъ ва амнияти Исроил мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка