19 Сентябр 2026,
шанбе, 05:13, Душанбе
07.06.2025 12:35

Дӯстони содиқ ба душмани имрӯз табдил шуданд. Трамп Маскро “девона” ва Маск Трампро “дурӯғгӯ” гуфт

Ихтилофи лафзии Илон Маск ва Доналд Трамп бар сари қонуни нави андоз тайи ду рӯзи ахир шиддати бештар гирифт ва ин ду нафар ҳамдигарро бо иқдомҳои дуҷониба таҳдид намуданд.

Баҳси Маск бо Трамп на танҳо баҳсҳоро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард, балки таъсири манфӣ ба рӯйи бозори саҳмия низ гузоштааст. Расонаҳо навиштанд, ки баъди баҳсҳои ахир арзиши сармояи Илон Маск 34 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта Доналд Трамп дар мулоқот бо канслери Олмон дар Кохи сафед Илон Маскро бо лаҳни тунд интиқод кард ва гуфт: “Баъзеҳо баъди тарки ҳукумат душман мешаванд ва бархеи дигар дӯст боқӣ мемонанд.

Ман намедонам чаро чунин мешавад. Шояд ин ба синдроми ошӯфтагӣ нисбат ба Трамп рабт дорад”- зикр кард Доналд Трамп.

Доналд Трамп дар ҷараёни нишасти матбуотӣ бо Фридрих Мертс, канслери Олмон гуфт, аз мушовири пешинаш “шадидан ноумед шудааст”.

Илон Маск ба ин фавран вокуниш нишон дод ва баҳси лафзӣ шиддат гирифт.

Доналд Трамп дар посух ба Илон Маск, ки қонуни андозро “нафратовар” хонда буд, гуфт: “Осонтарин роҳ барои сарфаи миллиардҳо доллар аз буҷа, қатъ кардани кумакҳо ва қарордодҳои давлатӣ бо Илон аст”.

Маск ба ин сухани Доналд Трамп вокуниши шадид нишон дод. Ӯ навишт: “Шояд вақти таъсиси як ҳизби сиёсӣ фаро расидааст”. Ин паёми Илон Маскро Майлз Чеонг, ҳомии Маск ва фаъоли ростгаро, ки хоҳони Импичменти Трамп буд, лайк гузошт.

Ин иқдом ба ҳимояти Маск аз Трамп дар интихоботи президентӣ ишора дорад. Маск на фақат 300 миллион доллар харҷ кард, балки ба воситаи нуфузаш дар ҷаҳони иқтисод роҳро барои бозгашти Трамп ба Кохи сафед ҳамвор кард. Маск мегӯяд, бе ҳимояти ӯ Трамп интихоботро мебохт ва демократҳо назорати Сенатро ба даст намегирифтанд. Ӯ Доналд Трампро ба “ношукрӣ” муттаҳам кард.

Дар қонуни нави андози ҳукумати Трамп имтиёзи андозҳо барои мошинҳои барқӣ, аз ҷумла Tesla бекор шудааст. Маск бидуни ишора ба ин масъала мегӯяд, ки омили мухолифати ӯ афзоиши касри буҷа ва “қарзи 2, 5 триллион долларии давлат” мебошад.

Демократҳо шадидан мухолифи қонуни нави андоз мебошанд. Онҳо мегӯянд, ҳукумат ба сармоядорон мебахшад, вале буҷаҳои нафақа, хадамоти иҷтимоӣ, омӯзиш ва тандурустии қишрҳои камдаромадро коҳиш медиҳад.

Ҳукумат мехоҳад барои харидорони мошинҳои барқӣ 7500 доллар андоз ҷорӣ кунад. Ин иқдом метавонад ба Tesla, ки бо коҳиши арзиши саҳмияҳояш рӯ ба рӯ аст, зиёни ҳадди аққал - 35 миллиард доллар ворид кунад. Рӯзи ҷумъа саҳмияҳои Tesla 14 фоиз коҳиш ёфтанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки Маск аз ҷанҷол бо Трамп миллиардҳо зиёни молӣ дидааст.

Баҳсҳои Маск ва Трамп фақат бо масоили сиёсиву иқтисодӣ маҳдуд нашуд. Маск зикр кард, ки номи Доналд Трамп дар парвандаи Ҷеффри Эпштейн вуҷуд дорад. Эпштейн бонкирест, ки духтарони наврасро барои истисмори ҷинсӣ дар ихтиёри сарватмандон мегузошт.

“Номи Трамп дар парвандаи Эпштейн зикр шудааст ва аз ҳамин сабаб, исми дигари сарватмандон пинҳон нигоҳ дошта шудааст” - навишт Маск.

Илон Маск ҳатто навореро аз мулоқоти наздики Доналд Трамп бо Эпштейн нашр кард.

Доналд Трамп таҳдид кард, ки қарордодҳои давлатии ширкатҳои Илон Маскро қатъ хоҳад кард.

Аз даст додани ҳимояти Маск метавонад барои Трамп дар интихоботи миёндавраии Конгресс мушкил эҷод кунад. Ба вижа дар шароите, ки Маск дар шабакаи иҷтимоии “Х” аз ташкили ҳизби нав хабар дод.

Рейтерз навишт, ки дӯстон ва ҳамкорони Маск аз паёмҳои ҷанҷоли ӯ бо Трамп дар ҳайрат мебошанд. Аксарият гумон мекарданд, ки ҳамкории Маск бо ҳукумати Трамп идома меёбад.

Расонаҳо ҳамчунин, аз ихтилофи Маск ва Трамп дар мавриди NASA  хабар додаанд. Ба гуфтаи ду мақоми аршади Кохи сафед Трамп номзадии Ҷаред Айзаксони мавриди ҳимояти Маскро, бо далели гароишаш ба демократҳо, барои раҳбарии  NASA рад кард, ки ин Маскро норозӣ кард.

Қабл аз ин масъала мақомоти Кохи сафед салоҳиятҳои Илон Маск дар масъалаи кадрҳо ва буҷаро маҳдуд карда буданд. Трамп дар оғози моҳи март ба кобинааш гуфт, ки қарорҳои ниҳоиро вазирон мегиранд, на Маск.

Бо вуҷуди шиддат гирифтани ҷангҳои лафзӣ Рейтерз хабар медиҳад, ки мушовирони Кохи сафед талош мекунанд, бо як тамоси телефонӣ оташбаси муваққат миёни Маск ва Трампро барқрор кунанд. Дар ҳамин замоне, ки ин хабар нашр шуд, Трамп мушовири собиқаш Маскро “девона” ва Маск ӯро “дурӯғгӯ” номид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.