Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Паёми шодбошии Президент: “Ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳед”
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати иди Қурбон таъкид карданд, ки шаҳрвандон на бояд ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ диҳанд, балки онҳое, ки шароити хуб доранд, ба ятимону ниёзмандон ёрӣ расонанд.
“Қаблан низ гуфтаам ва бори дигар хотиррасон менамоям, ки иди Қурбон тӯй нест ва барои таҷлили он дастурхони серхарҷ оростан умуман зарурат надорад”, - иброз доштанд Сарвари давлат.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ кардан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ва махсусан падару модарон, шукронаи умр ва неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла оромиву субот мебошад. Иди Қурбон, инчунин, айёми шод кардани қалби ятимону маъюбон ва камбизоатҳову эҳтиёҷмандон аст.
“Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо моҳият ва асли фармудаҳои инсонпарваронаи дини исломро дуруст дарк намоем, ба зиёдаравию намоишкорӣ ва баргузории маросиму маъракаҳои нолозим роҳ надиҳем ва талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ – “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро ҳатман риоя кунем”, - афзуданд Президенти кишвар.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод