19 Сентябр 2026,
шанбе, 05:14, Душанбе
04.06.2025 14:37

Сенатори амрикоӣ дар Қафқоз ба дунболи “Осиёи Марказии бузург” мегардад

Сафари сенатори амрикоӣ Стив Дейнз ба Қафқози Ҷанубӣ баёнгари мушаххас шудани стратегияи нави Кохи сафед дар Қафқоз аст ва Қафқоз дарвозае ба сӯйи Осиёи Марказии бузург ба ҳисоб меравад. Ин сиёсат, ки хислати амалгароёна дорад, ба субот дар каридори  миёна ва ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид мекунад.

Ба гузориши расонаҳо Стив Дейнз, узви Кумитаи робитаҳои хориҷии сенати Амрико ҳафтаи гузашта аз кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ боздид кард. Ӯ дар таърихи 29-уми май аз Боку ва рӯзи 30-уми май аз Тифлису Ереван боздид намуд.

Анҷом ёфтани ин сафар, махсусан бо таваҷҷуҳ ба он ки Стив Дейнз намояндаи фраксияи Осиёи Марказӣ  дар Конгресси Амрико аст, тасодуфӣ нест. Имрӯзҳо маҳз Озарбойҷон ва Гурҷистон ҳамчун кишварҳои калидии каридори миёна, ҳамчун дарвозаҳои вуруд ба Осиёи Марказӣ шинохта мешаванд. Манфиатҳои Амрико дар таъмини сулҳ ва амният дар ин минтақа ниҳон аст.

Стив Дейнз, ки яке аз ташаббускорони густариши ҳамкориҳои Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, хуб медонад, ки аҳамияти транзит ба воситаи каридори миёна то чӣ андоза муҳим аст.

Ӯ қаблан низ дар давраи ҳукумати пешини Кохи сафед фаъолона ба густариши робитаҳои Амрико бо кишварҳои минтақа машғул буд ва соли гузашта аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ боздид намуда буд.

Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои Амрико ба хотири доштани захираҳои уран ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд. Ширкатҳои амрикоӣ дар ин замина бо онҳо ҳамкорӣ доранд ва содироти уран ба Амрико ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Соли 2024 содирот аз Қазоқистон панҷ баробар зиёд шуд. Вашингтон урани Қазоқистонро ба ҳайси ҷогузини эҳтимолии урани Русия, ба хусус дар вазъияти бадтар шудани робита бо Федератсияи Русия, дар назар мегирад.

Стив Дейнз сенатори амрикоӣ, ки ба дунболи тақвияти нуфузи геополитикии Амрико дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аст, ба манфиатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст.

Дар ибтидои соли ҷорӣ, дар ҷаласаи сенати Амрико, ки ба тасдиқи Марко Рубио барои мансаби Вазири корҳои хориҷӣ бахшида шуда буд, Стив Дейнз ва ҳамкораш Гари Питерс мавзуи лағви муқаррароти Ҷексон Веник барои Қазоқистон ва Ӯзбекистонро матраҳ карданд. Ин муқаррарот, ки соли 1974 бар зидди Шӯравӣ қабул шуда буд, ба кишварҳои пасошӯравӣ ба мерос расида ва ҳанӯз ҳам дар мавриди Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон татбиқ мешавад, ки имконияти онҳо барои тиҷорат ва дарёфти қарзҳои давлатиро маҳдуд мекунад.

Марко Рубио аз ин ташаббус пуштибонӣ намуда, гуфтааст: “Баъзеҳо ин муқарраротро ҳамчун абзоре барои фишор дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва ё маҳдуд кардани ҳамкорӣ бо Русия мебинанд. Аммо ман онро як  номувофиқатии бемаънӣ медонем”.

Стив Дейнз Осиёи Марказиро “минтақае, ки беасос фуромӯш шудааст ва ниёз ба таваҷҷуҳи бештар дорад” тавсиф кард.

“Мо бо сенатор Мёрфи барои рушди ҳамкорӣ дар чорчӯби  С5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико) кор мекунем. Ба ҳамкории муштарак бо президент Трамп ва ҳатто баргузории як нишаст умед дорем. Бо назардошти хуруҷи неруҳо аз Афғонистон ин минтақа аҳамияти стратегии хос пайдо кардааст. Мо дар Осиёи Марказӣ ба муттаҳидоне ниёз дорем ва мехоҳам фаъолона дар ин самт ҳаракат кунем”- гуфтааст Стив Дейнз

Ин сенатори амрикоӣ ба Марко Рубио пешниҳод кард, ки ба захираҳои бузурги гази табиӣ дар Туркманистон, ки 30 сол боз фақат ба Чин содир мешавад, таваҷҷуҳ кунад. Ба ин тартиб, идеяи лӯлаи гази Транс-Каспий, ки метавонад Туркманистонро ба воситаи Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия ба Аврупо пайванд диҳад, дубора матраҳ шуд.

Сафари Стив Дейнз ҳамзамон бо нашри гузориши Шурои сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз сурат гирифт.

Дар он гузориш зарурати стратегияи нави Вашингтон шарҳ дода мешавад, ки бояд мафҳуми Осиёи Марказиро ба “Осиёи Марказии бузург”, иборат аз кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ, Муғулистон ва Афғонистон рушд диҳад. Ин назари стратегӣ бо равиши мухолифини ғарбгаро дар Гурҷистон ва раванди ҳамгироии аврупоии Арманистон мухолиф аст.

Амрико хуб медонад, ки Осиёи Марказӣ, бар хилофи Аврупои “пир” дорои захираҳои азим ва аҳолии ҷавон аст. Қафқози Ҷанубӣ дар ин чорчӯб ҳамчун бахши муҳимми Осиёи Марказии бузург шинохта мешавад, на як минтақаи канории Аврупо.

Дар Боку Стив Дейнз бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот кард. Ӯ аз рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои низомии Озарбойҷон бо Амрико дар Афғонистон ёдовар шуд ва барои нақши Озарбойҷон дар таъмини амнияти фурудгоҳи Кобул дар давраи хуруҷи неруҳо изҳори сипос кард.

Дар Тифлис Дейнз бо сарвазир Ираклий Кобахидзе дидор кард. Сафорати Амрико пешакӣ эълон карда буд, ки сенатор масъалаҳои “Фалсафаи  аввали Амрико” ва авлавиятҳои президент Трамп ва Рубио, вазири корҳор хориҷиро матраҳ хоҳад кард.

“Мо ошкоро мегӯем, ки мехоҳем шарикии стратегиро бо Амрико аз сифр оғоз кунем. Ҳарчанд давлатҳои соя (Deep State) монеа эҷод мекунанд, аммо ман мутмаинам, ки Трамп пирӯз мешавад ва ҳеч чиз монеаи барқарории робитаҳо нахоҳад шуд” – гуфтааст сарвазири Гурҷистон

Стив Дейнз дар Ереван бо сарвазири Арманистон Пашинян мулоқот кард ва гуфт, ки Амрико мехоҳад ба сулҳи пойдор миёни Арманистон ва Озарбойҷон мусоидат кунад. Ӯ ҳамчунин, ба сармоягузории Амрико дар манобеи минералии муҳим дар Арманистон ишора кард.

Сафари сенатор Дейнз нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Амрико ба Қафқози Ҷанубӣ ва нақши он дар стратегияи васеи амниятӣ дар иқтисоди Амрико аст, ки ҳадафи он тақвияти каридори миёна ва дастрасӣ ба захираҳои Осиёи Марказии бузург аст.

Бархе созмонҳои минтақавии туркӣ, ки дар раъси он Туркия ва Озарбойҷон қарор доранд, барои ҳамгироии бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаҳои ошкору ниҳонро пиёда мекунанд, ки ба стратегияи нави сиёсати хориҷии Амрико дар заминаи ҳамгироии Қафқоз бо Осиёи Марказӣ бисёр мувофиқ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.