Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Дар Қирғизистон ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ 36 фоиз афзудааст
Аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон 6536 ҳолати зӯроварии хонаводагиро сабт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти амнияти ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон хабар додаанд.
Ниҳоди номбурдаи қирғиз як қатор маълумоти дигари оморӣ нашр кардааст. Аз ҷумла, дар чор моҳи аввал мақомоти корҳои дохилӣ ба қурбониёни зӯроварии маишӣ 4967 амри ҳимоявӣ содир кардаанд. Бар асоси моддаи 70-и кодекси ҳуқуқвайронкуниҳо 1708 протокол тартиб дода шудааст.
Дар натиҷа 538 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ маҳкум шуда, 824 шаҳрванди дигар бо қарори суд ба ҳабс гирифта шудаанд. Ба ғайр аз ин, бо моддаҳои зерин парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст: 11 парванда бо моддаи 122 (қатл), кодекси ҷиноятии Қирғизистон ,10 парванда бо моддаи 130 (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), 7 парванда бо моддаи 131 (расонидани зарари сабуктар ба саломатӣ) ва 7 парванда бо моддаи 138 (азоб додан) боз шудааст.
Бо назардошти кодекси ҷиноятии дигар дар маҷмуъ 165 парванда вобаста ба зӯроварии оила оғоз гардидааст. Хабарҳо дар хусуси чунин зӯровариҳо пайваста дар расонаҳои Қирғизистон ба нашр мерасанд. Масалан, ҳафтаи гузашта, санаи 28-уми май як ҳодисаи пурсарусадо сабт гардид. Дар ноҳияи Қара-Кулҷаи вилояти Ӯш марди маҳаллӣ ҳамсарашро кушт.
Бар асоси иттилои тафтишот зан дар як чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии хатми мактаб ширкат варзид. Шавҳараш ба ӯ шубҳа бурда, ӯро, ки модари панҷ фарзанд буд, лутукӯб карда ва сипас парронд. Гуфта мешавад, ки бар асоси моддаи қатл парванда оғоз шуда, марди 40-сола ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад