21 Сентябр 2026,
душанбе, 17:46, Душанбе
31.05.2025 20:44

Қосим Ҷомарт Тоқаев: Қазоқистон ният надорад узви БРИКС шавад

Президенти Қазоқистон афзуд, ки  масъала вобаста ба “самаранокии узвияти комил” буда, БРИКС “на оиннома дорад, на котибот ва на барномаҳои мушаххас”.

“Биёед, бинем, ки БРИКС ҳамчун як ташкилоти байналмилалӣ то куҷо муассир хоҳад буд. Айни ҳол Қазоқистон ба ҳайси нозир боқӣ мемонад ва минбаъд вақт нишон медиҳад”, - афзуд Тоқаев.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2024 Берик Уалӣ, мушовири президент гуфта буд,  Қазоқистон пешниҳоди шомил шудан ба БРИКС-ро дода буд, аммо Тоқаев аз иқдоми узвият худдорӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, муфид будани узвият дар БРИКС ба манфиатҳои миллӣ вобаста аст ва СММ ҳамчун як ниҳоди ҷаҳонии беалтернатива афзалият медиҳад, ки дар он метавон ҳама масъалаҳои байналмилалиро ҳал кард.

Қазоқистон аз 1-уми январ мақоми шарики БРИКС-ро гирифтааст. Ин созмон соли 2006 таъсис ёфт ва дар ҳоли ҳозир Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Амриқои Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Миср, Эфиопия ва Индонезия аъзои он мебошанд.

Аз моҳи феврали соли ҷорӣ БРИКС раванди қабули аъзои навро боз доштааст, ки ин тасмим бо “мушкилоти институтсионалӣ” дар пайи зиёд шудани шумораи кишварҳои узв гирифта шудааст.

Ин изҳори назари президенти Қазоқистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Доналд Трамп, президенти Амрико таҳдид кард, кишварҳои узви БРИКС-ро ба сабаби эҷоди асъори нав ва дур шудан аз доллар бо боҷи 100 фоиза муҷозот хоҳад кард.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

21.09.2026 13:20

Италия мехоҳад истифоди “бурқаъ” ва “ниқоб” дар мактабҳоро манъ кунад

Ҷорҷия Мелонӣ, сарвазири Италия гуфт, ки ҳукумат дар нақша дорад пӯшидани рӯй дар мактабҳоро манъ намуда, шумораи хонандагони хориҷӣ ё фарзандони муҳоҷирон дар синфҳоро маҳдуд кунад.
21.09.2026 11:56

Сарвари давлат дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро ба истифода доданд

Имрӯз, 21-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд.
21.09.2026 10:21

Полис ҳушдор дод: нашри рекламаи дурӯғ 5 сол зиндон дар пай хоҳад дошт

Мақомоти полиси Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи паҳн намудани рекламаи бардурӯғ ҳушдор дода, гуфтаанд, ки анҷоми ин амал панҷ сол ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай хоҳад дошт.
21.09.2026 10:14

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ҳушдор дод: пиряхҳои Осиёи Марказӣ бо суръат об мешаванд

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар гузориши нави худ ҳушдор дод, ки пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ бо суръат об мешаванд ва ин раванд боиси коҳиши маҷрои дарёҳо ва таъминоти об дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
21.09.2026 07:29

Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии “Ҳаёт”-ро ба истифода доданд

20-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии “Ҳаёт”-ро мавриди истифода қарор доданд.
21.09.2026 06:27

Президенти кишвар дар Хуҷанд Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

20-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
19.09.2026 16:06

“Телеграф”: Эрон метавонад Амрикоро аз Ховари Миёна берун кунад

Дар як мақолаи таҳлилӣ дар рӯзномаи “Телеграф” гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои густурдаи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна метавонад ҳузури низомии Амрико дар ин минтақаро зери суол барад. Муаллифи мақолаи таҳлилӣ мегӯяд, Эрон бо ин роҳ метавонад Амрикоро аз минтақаи Ховари Миёна берун кунад.