3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
28.05.2025 13:46

Ҳушдори Трамп ба Нетаняҳу: “Ба музокироти Амрико ва Эрон “халал” нарасон”

Бархе манобеъ аз Кохи сафед ба расонаҳо гуфтаанд, ки Доналд Трамп дар пайи нигаронӣ аз иқдомҳои харобкоронаи Исроил бо сарвазири ин кишвар тамос гирифта ҳушдор дод, аз ҳар гуна иқдоме, ки боиси “халалдор” шудани раванди музокироти атомии Эрон ва Амрико мешавад худдорӣ кунад.

Рӯзномаҳои амрикоӣ навиштанд, ки Доналд Трамп ва баъзе аз мақомоти ҳукуматаш нисбат ба иқдомҳои ахири Исроил, ки метавонад боиси халалдор шудани раванди музокирот шавад, изҳори нигаронӣ кардаанд.

Бар асоси иттилоъ, Доналд Трамп дар тамоси телефонии ахираш ба Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, ки “намехоҳад чизе садди роҳи ҳалли дипломатии масъалаи Эрон” шавад.

Як манбаъ аз Кохи сафед гуфтааст, ки паёми сареҳи Доналд Трамп ба Бенямин Нетаняҳу ин буд, ки “ӯ намехоҳад дар замоне ки кӯшиши ҳалли мушкилотро дорад, бо Эрон хусумат варзад”.

Доналд Трамп ба Бенямин Нетаняҳу таъкид кардааст, ки мехоҳад имкони роҳи ҳалли дипломатиро биозмояд. Дафтари матбуоти сарвазири Исроил аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ кардааст.

Ҳамчунин, як мақоми исроил гуфт, ки Кристӣ Ноем, Вазири амнияти дохилии ИМА, рӯзи якшанбе дар Байтулмуқаддас бо Бенямин Нетаняҳу мулоқот карда, паёми Трампро расонидааст. Дар ин паём таъкид шудааст, Исроил аз ҳар иқдоме, ки ба музокирот зарба мезанад, худдорӣ кунад.

“Ман аз сарвазири Исроил хостам, бо президенти Амрико ҳамкорӣ намояд, то итминон ҳосил шавад, ки мо бо ҳам қарори оқилона қабул мекунем. Трамп мехоҳад Нетаняҳу бо ӯ ҳамовоз бошад”- гуфт Кристи Ноем.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кохи сафед гуфт, ки паёми Доналд Трамп ба Беняҳмин Нетаняҳу бисёр рӯшан буд. Трамп ба Нетаняҳу гуфтааст, ки мехоҳад бо Эрон ба созиш расад ва роҳҳои дигари пурхатарро интихоб нахоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.