Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Дар Тошканд телефонҳои хонандагонро барои ҳифз аз “ғояҳои бегона ва манфӣ” тафтиш мекунанд
Дар чанд мактаби шаҳри Тошканд кормандони Гвардияи миллӣ ба таври оммавӣ телефонҳои мобилии хонандагони синфҳои 9 ва 10-юмро бе огоҳии пешакӣ тафтиш кардаанд. Бар асоси иттилои хонандагон, ин ҳодиса рӯзи 14-уми май рӯй додааст.
Як хонандаи мактаби №110-и шаҳри Тошканд ба расонаҳо гуфтааст, ки кормандони Гвардияи миллӣ бидуни шарҳ ва бе огоҳии пешакии падару модар ба синфхонаҳо даромада, аввал телефонҳоро ҷамъ кардаанд ва баъд иттилооти шахсии телефонҳоро аз назар гузаронидаанд. Аз ҷумла, аксҳо, файлҳои тозаҳазфшуда, саҳифаҳои телеграм ва барномаҳои насбшударо тафтиш кардаанд.
Бар асоси гуфтаҳои ин хонанда, аз падару модари хонандагон пешакӣ иҷозат пурсида нашудааст. Вақте баъзе падару модарон ба тафтишот мухолифат нишон додаанд, тафтишот қатъ карда шудааст.
Раёсати маорифи томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Тошканд тасдиқ намуда, ки чунин тафтишот дар доираи барномаҳои “Касбият” ва “Тир” дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар сол анҷом дода мешавад. Тибқи гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи мақомот аз тафтиш “ҳифзи хонандагон аз ғояҳои бегона ва манфӣ” аст.
Гуфта мешавад, ки тафтиши телефони хонандагон бо ҳузури намояндагони Шурои назорати падар ва модар, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва омӯзгорӣ доир карда мешавад. Бо вуҷуди ин, шаҳодати бархе хонандагон суолҳои зиёдеро дар хусусӣ қонунӣ ва ахлоқӣ будани ин амалиёт ба миён овардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад