Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Вижаномаи маҷаллаи “Чома”-и Эрон дар бораи Фарзона Хуҷандӣ нашр шуд
Шумораи нави маҷаллаи адабии “Чома” бо бахши вижаи арҷномаи зиндагиву осори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва шеъру қисса ва достонҳои адибони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расид.
Дар бахши вижаномаи маҷаллаи “Чома” дар бораи осор ва зиндагии Фарзонаи Хуҷандӣ мақолаву андеша ва пажӯҳишҳои донишмандони тоҷику эронӣ, аз ҷумла Суҳроби Зиё, Саидмуҳаммадбоқири Камолиддинӣ, Ҷамъа Ҳамроҳ, Дилшоди Фарҳодзод, Иброҳими Худоёр, Матлубаи Мирзоюнус ва Шомансури Шоҳмирзо нашр шудааст.
Дар ин шумораи маҷаллаи “Чома” осори адибони тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр, Низом Қосим ва ғайра нашр шудааст.
Маҷалла бо оғозсухани Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ нашр шудааст. Низомиддин Зоҳидӣ дар оғозсухани навиштаи худ таъкид кардааст, ки адабиёти ҳар як миллат таҷассумгари ҳувият ва фарҳанги он сарзамин мебошад. Тоҷикистон бо таърихи ғаниву пурбори адабӣ ганҷинаи ашъор, қисса ва достонҳоест, ки марзҳои замону маконро пушти сар гузоштааст.
“Дар шумораи вижа, маҷаллаи “Чома” ба муаррифии осори нависандагони муосири тоҷик мепардозад. Нависандагоне, ки бо қаламҳояшон қиссаҳои кӯҳану навро дарҳам меомезанд ва ҷаҳонбиниҳои тозаеро пешорӯи мухотабони форсизабон қарор медиҳанд. Шоироне бо ашъори руҳпарвар ва дилнишин, ки сурудаҳои сармадиашон пур аз шуру шараф ва эҳсос аст, ки чанге ба дил мезанад”- навиштааст Низомиддин Зоҳидӣ.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи “Чома” як маҷаллаи адабӣ буда, дар он бештар осори адибону нависандагони эронӣ ва хориҷӣ нашр мешавад. Мудири масъули маҷалла Содиқи Раҳмонӣ буда, шумораи 37-уми он нашр шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?