Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Ҳинд ва Покистон ба пойгоҳҳои низомии якдигар ҳамла карданд
Мақомоти низомии Покистон ва Ҳинд эълон намуданд, ки субҳи шанбе, 10-уми май бо мушакҳо ба пойгоҳҳои низомии якдигар ҳамла карданд.
Тибқи гузориши расонаҳо дар натиҷаи ин ҳамлаҳо дар се пойгоҳи низомии Ҳиндустон таркиш ба вуҷуд омадааст. Гуфта мешавад, ки таркишҳои шадид дар минтақаи Ҷаму ва Кашмири Ҳиндустон шунида шудааст.
Мақомоти покистонӣ субҳи шанбе хабар доданд, ки Ҳинд ба се пойгоҳи низомии Покистон ҳамла кардааст. Аҳмад Шариф Чударӣ, сухангӯи артиши Покистон гуфт: “Ҳинд бо истифода аз ҳавопаймоҳояш ба сӯи пойгоҳи Нурхон, Мурид ва Шуркут мушакҳо партоб кард.”
Як пойгоҳ дар наздикии шаҳри Исломобод ва ду тои дигари он дар вилояти Панҷоб, дар ҳамсоягии Ҳиндустон воқеъ мебошанд. Покистон гуфт, ки мушакҳои Ҳиндустонро раҳгирӣ ва нобуд кардаанд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз шунида шудани таркишҳои шадид дар ин минтақаҳо гузориш медиҳанд.
Ҳамчунин, Артиши Покистон хабар дод, ки дар ҷараёни як ҳамлаи мушакии густурда пойгоҳи ҳавоии Адампури Ҳиндустонро нобуд кардааст.
Расонаҳо хабар доданд, ки Покистон дар посух ба ҳамлаи Ҳиндустон амалиёти густурдаи низомӣ бар зидди Ҳиндустонро оғоз кардааст.
Ҷанг миёни Ҳиндустон ва Покистон баъд аз ҳамлаи террористии 22-уми апрел дар минтақаи Ҷамуи Кашмири Ҳиндустон шиддат гирифт. Дар ин ҳамлаи террористӣ 25 шаҳрванди Ҳиндустон ва як шаҳрванди Непал кушта шуданд. Ҳиндустон ҳамлаи террористиро маҳкум карда, Покистонро дар созмон додани он айбдор намуд.
Дар вокуниш ба ин ҳамлаҳои террористӣ Ҳиндустон 7-уми май амалиёти низомиеро таҳти номи “Синдур” оғоз кард. Ҳиндустон дар ин ҳамла ба 9 марказ дар дохили хоки Покистон ҳамла кард. Мақомоти Ҳинд гуфтанд, ки дар ин амалиёт пойгоҳҳои террористонро мавриди ҳамла қарор додаанд.
Тибқи гузориши расонаҳо дар натиҷаи ҳамлаи Ҳиндустон ба хоки Покистон аъзои оилаи роҳбари ҳаракати террористии Ҷайш-ул-адл, аз ҷумла бародари ӯ кушта шуд.
Покистон дар вокуниш ба ҳамлаи Ҳиндустон 5 ҳавопаймои низомӣ ва чандин паҳподу мушакҳои ин кишварро нобуд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад