Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Ҳинд ва Покистон ҷанги тӯлонӣ ва бузаргтарини ҳавоиро анҷом доданд
Рӯзи 8-уми май миёни неруҳои ҳавоии Ҳиндустон ва Покистон ҷанги ҳавоӣ оғоз шуд. Бар асоси иттилои расонаҳо ин ҷанги ҳавоӣ тӯлонитарин ва бузургтарин ҷанги ҳавоӣ дар миёни ду кишвар аст. Дар ин ҷанги ҳавоӣ беш аз 125 ҳавопаймои ҷангӣ зиёда аз як соат дар ҳаво ҷангиданд.
Расонаҳои навиштанд, ки ҷанги ҳавопаймоҳои низомии Ҳинд ва Покистон дар фазои ду кишвар сурат гирифтааст. Мақомоти низомии Покистон гуфтанд, ки неруҳои ҳавоии ин кишвар 5 ҳавопаймои ҳиндиро сарнагун намуданд. Тибқи иттилоъ, дар сарнагунсозии ҳавопаймоҳои ҳиндӣ нақши ҳавопаймои истеҳсоли муштараки Покистону Чин муассир будааст.
Ёдовар машавем, ки Ҳиндустон рӯзи 6-уми май дар посух ба ҳамлаи террористӣ ба минтақаи Кашмири ин кишвар бо мушак ва ҳавопаймоҳои низомӣ ба маркази хоки Покистон ҳамла кард. Тибқи арзёбии коршиносон дар ин ҳамлаҳои Ҳиндустон оилаи гурӯҳҳои террористӣ кушта шудаанд.
Ҳинд амалиёти низомӣ бар зидди Покистонро замоне оғоз кард, ки гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Ҳиндустон – Кашмир ба сайёҳон ҳамла карда, онҳоро куштанд. Нерандра Модӣ дар пайи ин иқдом эълон кард, ки артиши Ҳинд ба махфигоҳи террористон дар Покистон ҳамла хоҳад кард. Ҳинд Покистонро масъули ҳамлаи террористӣ медонад, вале Покистон инро рад мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад